Посухи Прокуратураи генералӣ ба дархости раиси ҲНИТ

spot_imgspot_img

Дата:


Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба дархости раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди шиканҷа шудани Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов, аъзоёни ҳизби наҳзат расман посух гуфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар посухи Прокуратураи генералӣ таъкид мегардад, ки аз рӯи муроҷиати М.Кабирӣ санҷиш гузаронида шуда, аз рӯи натоиҷи он ба оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфара, ки аъзои зикршудаи ҲНИТ-ро боздошт намуда буданд, рад карда шуд.

«Дар рафти санҷиш ҳолатҳои истифодаи шиканҷа ва дигар усулҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфара истифода намудани усулҳои ғайриқонунӣ ҳангоми боздошт ва тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати У.Тоҷиев ва З.Иброҳимов ошкор карда нашуд», -баён шудааст дар посух.

Дар хабари сомонаи расмии ҲНИТ бо ишора ба суҳбати Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии ҲНИТ гуфта мешавад, вақте ӯ бо вакили Умедҷон Тоҷиев,вохӯрдааст ӯ гуфтааст, ки воқеан Умедҷон мавриди шиканҷа қарор гирифтааст ва ба хотири халос хӯрдан аз дасти лату кӯб худро ба зер афкандааст. Вале Умедҷон ба вакиди дифоаш, Юсуф Дониёров гуфтааст, ки ӯ намедонад барои чӣ ӯро ба ин гуноҳ муттаҳам мекунанд ва ин ҷинояте, ки аслан ӯ хабар надорад, ба ӯ бор кардаанд.

Инчунин, Умедҷон ба вакилаш гуфтааст, ки ӯ бо сабаби шикастани пояш дар ҳолати мадҳушӣ ва дар ҳолати бемории сахт будааст, ки ин амал ғайриқонунӣ аст.

Қобили зикр аст, ки Умедҷон Тоҷиев, сокини деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара рӯзи 30-юми октябр аз тарафи кормандони мақомоти қудратӣ бо ҷурми “терроризм” боздошт шуда, дар шӯъбаи корҳои дохилии Исфара нигаҳдорӣ мешудааст.

Рӯзи 2-уми ноябр Тоҷиевро бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи ин шаҳр меоранд ва мақомоти корҳои дохилӣ ба наздиконаш гуфтаанд, ки Умедҷон Тоҷиев худашро аз ошиёнаи сеюми ШКД партофтааст, аммо наздикони ӯ дар суҳбат бо хабаргузориҳо ин иддаъоро рад карданд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...