Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши масъалаи ташкили осорхонаи журналистикаи тоҷик дар ояндаи наздик талош хоҳад варзид. Чанде қабл дар маҷлиси солонаи Раёсати ИЖТ таҳти раёсати раиси Иттиҳод Акбаралӣ Сатторов қарори дахлдор дар ин бора қабул шуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин зарурати ба итмом расонидани корҳои таҳияи Энсиклопедияи журналистикаи тоҷик дар соли равон низ таъкид шуд, Иттиҳод ҳамчунин таъсиси маҳфили сардабирон ва шуъбаи фотожурналистика дар назди ИЖТ дар соли равонро ба нақша гирифт.
Зимни ҷаласаи мазкур зикр гардид, ки соли равон ИЖТ дар ҳамдастӣ бо мақомоти кишвар як қатор лоиҳаву озмун оид ба таъмини ҳуқуқи кӯдакон тавассути ВАО, риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ ва ғайраро роҳандозӣ намуда, намояндагони матбуоти тоҷикро ба ҳамоишҳои байнулмилалӣ сафарбар намуд ва кормандони муваффақи соҳаро бо ҷоизаву туҳфаҳои гуногун қадрдонӣ кард.



