Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ бори навбатӣ ба Шӯрои палатаи поёнии парлумон ворид намудани тағйироту илова ба қонуни конситутсионӣ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон»-ро пешниҳод карданд.
Саидумар Ҳусайнӣ, яке аз муаллифони ин тағйироту илова ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки тағйироту илова дар мавриди бекор кардани банди ба номзадӣ пешбарӣ шудани танҳо шаҳрвандоне, ки муддати 5 соли ахир дар Тоҷикистон иқомат доштанд ва иҷозат додан ба пешбарии номзадҳои шоистаи дар хориҷи кишвар қарордошта, аз 45 рӯз то ба 60 рӯз дароз кардани муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихобот ва бо пешниҳоди аҳзоби сиёсӣ ба ҳайати КМИР ворид шудани намояндагони аҳзоби сиёсӣ аз ҷониби президент пешниҳод шудааст.
Ба гуфтаи Ҳусайнӣ, дар тағийрот пешниҳод мешавад, ки намояндагони аҳзоби сиёсӣ бояд ҳатман ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ шомил карда шаванд. «Ғайр аз ин, тағйироти мазкур комиссияҳои интихоботии қитъавиро уҳдадор месозад, ки дарҳол пас аз ҳисобу китоби овозҳо ва таҳияи протоколи дахлдор нусхаи тасдиқшудаи онро ба нозирони аҳзоби сиёсӣ, намояндагони ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод намоянд», – афзуд номбурда.



