Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт



Рӯзи 15-уми январи соли равон мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири Девони Амири Кувайт шайх Носир ас Сабоҳ баргузор гардид. 

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳрӣ, зимни он ҷонибҳо масъалаҳои таҳкиму густариши муносибатҳои миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба иттилои манбаъ, ба амалисозии қарордодҳое, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт ҳосил гашта буданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Гуфта мешавад, намояндаи баландпояи Давлати Кувайт азми ҷониби худро барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳо ва тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф иброз намуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2013 ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Кувайт ҳамагӣ ҳудуди 50 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки пурра ба воридоти маҳсулоти Кувайт ба Тоҷикистон рост меояд.

spot_imgspot_img

Популярное