Қарздории ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз «Тоҷиксуғурта»

Зимни нишасти хабарии рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта намояндагони КВД «Тоҷиксуғурта» иттилоъ доданд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Ист Эйр» ва «Тоҷик Эйр» аз корхонаи мазкур қарздоранд. Директори генералии корхонаи мазкур Аловиддин Сатторов дар ин робита зикр кард, ки мутобиқи қарори ҳукумати ҶТ, аз ҳар як билети фурӯхта ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд 2%-и маблағро ба суратҳисоби «Тоҷиксуғурта» […]

Исфандиёр Халилов


Зимни нишасти хабарии рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта намояндагони КВД «Тоҷиксуғурта» иттилоъ доданд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Ист Эйр» ва «Тоҷик Эйр» аз корхонаи мазкур қарздоранд.

Директори генералии корхонаи мазкур Аловиддин Сатторов дар ин робита зикр кард, ки мутобиқи қарори ҳукумати ҶТ, аз ҳар як билети фурӯхта ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд 2%-и маблағро ба суратҳисоби «Тоҷиксуғурта» гузаронанд. «Агар ҳукумат коҳиши ин фоизро пешниҳод кунад, мо розием, вале имрӯз аққалан ҳамин 20%-и муқарраршуда тибқи қонунро ҳам гирифта наметавонем», – иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, ин фоизҳо барои ҳар як билет барои он ситонида мешаванд, ки аз замони нишастан ба ҳавопаймо то фуруд омадан ба майдони ҳавоии кишвари дигар мусофир бояд бо суғурта (бима) таъмин бошад. «Чунин таҷриба дар саросари ҷаҳон мавриди истифода қарор дошта, мусофирон барои ҳаёташон бояд бо суғурта таъмин бошанд. Ширкатҳои хусусии суғуртавӣ ба бимаи мусофирон ҳуқуқ надоранд», – зикр кард Сатторов.

Номбурда ҳодисаи садамаи ҳавопаймои аз Шарҷа (АМА) ба Тоҷикистон парвозкардаро ёдовар шуда, изҳор намуд, ки «Тоҷиксуғурта» ягона ширкате буд, ки аз рӯйи уҳдадориҳои худ маблағҳои суғуртавиро пардохт кард. «Вале агар ширкатҳои ҳавопаймоӣ ин ду фоизро ба суратҳисоби мо нагузаронанд, дар ҳолати садамаҳо «Тоҷиксуғурта» ба паардохти маблағи суғуртавӣ уҳдадор нахоҳад шуд». – таъкид дошт директори корхона.

Директори генералии корхона ҳамчнуин гуфт, танҳо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» маблағи фоизҳои муқарраршуда аз ҳар як билети фурӯхтаро ба суратҳисоби «Тоҷиксуғурта» мегузаронад, ки аз ҳар як билет тақрибан 5-6 долллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.