Дар Суғд миёни рӯзноманигорон озмун эълон шуд

Бо қарори и.в. раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, миёни рӯзноманигорони вилоят озмун эълон карда шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин рӯзноманигорони вилоят дар самти инъикоси масоили мубрами ҳаёти иҷтимоии минтақаи шимоли кишвар буда, озмун аз се бахш ва аз рӯи 9 номинатсия баргузор ва беҳтарин […]

Суман Шаҳзода


Бо қарори и.в. раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, миёни рӯзноманигорони вилоят озмун эълон карда шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории озмун дарёфти беҳтарин рӯзноманигорони вилоят дар самти инъикоси масоили мубрами ҳаёти иҷтимоии минтақаи шимоли кишвар буда, озмун аз се бахш ва аз рӯи 9 номинатсия баргузор ва беҳтарин муаллифони мақолаҳо оид ба бахшҳои таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ, роҳу нақлиёт ва тандурустӣ ғолиби озмун дониста мешаванд.

«Мукофотпулӣ барои беҳтарин мавод оид ба масъалаҳои ҳаётан муҳими вилоят аз 1500 то 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маҷмӯан барои баргузор сохтани озмун ва бо мукофтпуливу туҳфаҳо сарфароз гардонидани ғолибони он, тибқи қарори раиси вилоят аз воситаҳои буҷети вилоят ҳудуди 100 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад», – афзу сарчашмаи хабар.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки ба 20 рӯзноманигори беҳтарини вилоят қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ низ ҷудо карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.