Беш аз 22 млн. $-и БОР баҳри таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ҳамчунин  Созишномаи грантӣ  байни Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) оид ба Лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим»  баррасӣ ва тасдиқ гардид. Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала, узви Кумитаи парлумон оид ба молия ва иқтисод Шарофиддин […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ҳамчунин  Созишномаи грантӣ  байни Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) оид ба Лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим»  баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала, узви Кумитаи парлумон оид ба молия ва иқтисод Шарофиддин Сироҷев изҳор намуд, ки арзиши умумии лоиҳа 24,7 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, тавассути гранти Фонди стратегии тағйирёбии иқлим ба воситаи БОР иборат аз 21,55 млн.доллари ИМА, саҳми Институтҳои молиявӣ 0,76 млн. доллари ИМА ва саҳми ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми 2,39 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мегардад.

«Дар доираи амалисозии лоиҳа дар ноҳияҳои Панҷ, Кӯлоб, Восеъ, Дарвоз Ишкошим, Рӯшон ва Роштқалъа иншооти муҳофизат аз селфароӣ сохта шуда, низомҳои обёрӣ, шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ таъмиру барқарор ва ба имконоти хадамоти наҷотдиҳӣ тақвияту беҳбуд бахшида мешавад», – гуфт Сироҷев.

Дар ҷаласаи имрӯза вакилони МНМО ҶТ ҳамчунин лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ»-ро низ баррасӣ намуда, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар тайёр намудани мутахассисони ҷузъу томҳои зиддитеррористӣ дар муассисаҳои таълимии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои иштирокчии ИДМ ва   Созишномаи давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар таъминоти моддию техникии мақомоти салоҳиятдори татбиқкунандаи мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти зӯроварии экстремистиро ба тасвиб расониданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.