Баррасии якчанд парванда бо иштироки хориҷиён дар соли 2013


Соли гузашта дар Суди олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун дар зинаи аввали судӣ як қатор аризаҳои даъвогӣ бо ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ баррасӣ шуданд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ Наим Мансуров дар ин робита изҳор намуд, ки тӯли сол даъвои ҶДММ «Венстранстрой» (Маскав) аз болои ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» дар бораи рӯёнидани беш аз 5,6 млн. сомонӣ, даъвои КВД «Белтранс» (Минск) нисбати соҳикори инфиродӣ Раҷабов оид ба рӯёнидани зиёда аз 2,2 млн. сомонӣ ба фоидаи даъвогар ва даъвои КМ «Таком Голд» нисбати ширкати чинӣ оид ба сармоягузорӣ ва рушди «Сзиан ЛТД» дар бораи бекор кардани шартномаи тиҷоратӣ миёни ҷонибҳо баррасӣ ва рад карда шудааст.

«Ғайр аз ин, аризаи даъваогии ҶСК «Межрегиональный Транзит Телеком» дар бораи рӯёнидани қарз дар ҳаҷми беш аз 2,7 млн. сомонӣ аз ширкати тоҷикистонии фароҳамсози интернети «Сатурн-Онлайн» баррасӣ ва қисман қонеъ кард шуд», – иброз дошт раиси Суди олии иқтисодӣ.

Ба қавли ӯ, айни замон боз як қатор парвандаҳо бо ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.

Зимнан зикр гардид, ки Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ соли гузашта дар маҷмӯъ 454 парвандаро баррасӣ карда, ба маблағи ҳудуди 31 млн. сомонӣ ва қариб 6 млн. доллари ИМА аризаҳои даъвогӣ қонеъ карда шудаанд.

Аз ин миқдор маблағи беш аз 2,1 млн. сомонӣ ва беш аз 3,5 млн. доллари ИМА ба фоидаи корхонаҳои давлатӣ рӯёнида шуда, ба фоидаи буҷети давлат дар ҳаҷми зиёда аз 1,3 млн. сомонӣ маблағ ситонида шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное