Таваҷҷуҳи Қатар ба асалу меваи Тоҷикистон

Аввали ҳафтаи равон вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо сафири давлати Қатар дар Тоҷикистон ҷаноби Алӣ ибн Муборак Саид ал-Муҳаннадӣ дидору гуфтушунид анҷом дод. Тавре хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ Қ. Косимов оид ба вазъи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва самтҳои муносиб барои ҳамкорӣ бо давлати Қатар маълумот пешниҳод намуд. Аз ҷумла […]

ASIA-Plus


Аввали ҳафтаи равон вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо сафири давлати Қатар дар Тоҷикистон ҷаноби Алӣ ибн Муборак Саид ал-Муҳаннадӣ дидору гуфтушунид анҷом дод.

Тавре хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ Қ. Косимов оид ба вазъи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва самтҳои муносиб барои ҳамкорӣ бо давлати Қатар маълумот пешниҳод намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар соҳаи растанипарварӣ ва чорводорӣ бо ҷалби сармоя ва технологияҳои замонавӣ истеҳсоли маҳсулоти бозоргири ҷавобгӯ ба талаботҳои ҷаҳонӣ ва содироти он ба давлати Қатар имконпазир аст.

Ҳамзамон, таъкид намуд вазир, байни кишварҳои мо заминаи мусоиди ҳуқуқӣ — Ёддоштҳои тафоҳум оиди таъсиси Шӯрои слоҳибкорони Тоҷикистону Қатар,   сармоягузорӣ,  соҳаҳои чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ  ба тасвиб расидааст. Ғайр аз ин Қосимов Қ. ёдовар шуд, ки байни давлатҳои мо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба  ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва техникию илмӣ таъсис дода шуда, ҷаласаи аввали он  моҳи октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.

Сафири давлати Қатар аз пазироӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҳавасмандии кишварашро ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон махсусан мевагиҳо, асал  ва маҳсулоти чорводорӣ иброз намуд. Аз ҷумла қайд кард, ки кмишоварзони Қатар ҳамагӣ 1 фоизи талаботи аҳолиро ба махсулоти кишовархзӣ таъмин намуда, ниёз ба воридоти он доранд. Бо ин мақсад ҳукумати Қатар омода аст барномаҳои сармоягузории Тоҷикистонро барои истеҳсоли маҳсулоти бозоргир ва ҷавобгӯ ба талаботҳои ҷаҳонӣ маблағгузорӣ намуда, содироти онро ба кишвараш ташкил намояд.

Қарор дода шуд, ки барномаҳои инвеститсионии вазорати кишоварзӣ ба сафорати Қатар пешниҳод гардида, бо кӯмаки сафорат мутахасисони  соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ ба Тоҷикистон даъват карда мешаванд. Тибқи хулосаву пешниҳоди онҳо нақшаи ҳамкориҳо тартиб дода шуда, минбаъд барномаҳои муштараки сармоягузорӣ дар марзи Тоҷикисон амалӣ хоҳад гардид. Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.