Соли 2013 воридоти нақлиёти автомобилӣ 14,5 ҳазор адад афзуд

Соли 2013 ба Тоҷикистон 65 ҳазору 600 адад нақлиёти автомбилӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 14,5 ҳазор адад зиёдтар аст. Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки ҶТ Неъматҷон Раҳматов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки бекор шудани реҷаи имтиёзноки воридоти автомобилҳо ба шумори воридоти воситаҳои нақлиёт ҳеҷ таъсире […]

Заррина Эргашева


Соли 2013 ба Тоҷикистон 65 ҳазору 600 адад нақлиёти автомбилӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 14,5 ҳазор адад зиёдтар аст.

Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки ҶТ Неъматҷон Раҳматов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки бекор шудани реҷаи имтиёзноки воридоти автомобилҳо ба шумори воридоти воситаҳои нақлиёт ҳеҷ таъсире нарасонид.

Қобили зикр аст, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, барои тамоми воридкунандагони воситаҳои нақлиёт аз 1-уми феврали соли 2013 қоидаҳои ягона муқаррар шуданд. Мутобиқи ин қарор, зимни анҷоми расмиёти гумрукии автомобил пардохти 18% андоз аз арзиши изофа, 5% боҷи гумрукӣ ва 10% андози аксизӣ зарур аст ва агар муҳлати истеҳсоли автомашина аз 5 сол зиёд бошад, меъёри боҷи гумрукӣ 7%-ро ташкил хоҳад дод.

Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки ҶТ зикр кард, ки солҳои наздик ворид намудани тағйирот ба қоидаҳои воридоти нақлиёти автомобилӣ ба Тоҷикистон дар назар нест.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, соли 2008 ба Тоҷикистон 94,1 ҳазор, соли 2009 – 38,1 ҳазор, соли 2010 – 34,2 ҳазор, соли 2011 – 39 ҳазору 69 ва соли 2012 – 51 ҳазору 80 адад автомобил ворид карда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.