Даъвати раиси Суғд аз сокинони Исфара бобати худдорӣ аз иғвогариҳо

Имрӯз зимни сафари корӣ ба шаҳри Исфара и в. раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо вазъ дар чанде аз маҳаллаҳои аҳолинишини ҳаммарз бо Қирғизистон шинос шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод. Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқоти А.Қодирӣ бо сокинони ҷамоатҳои Ворух, Чоркӯҳ ва деҳаи Хоҷаи Аъло […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз зимни сафари корӣ ба шаҳри Исфара и в. раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо вазъ дар чанде аз маҳаллаҳои аҳолинишини ҳаммарз бо Қирғизистон шинос шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқоти А.Қодирӣ бо сокинони ҷамоатҳои Ворух, Чоркӯҳ ва деҳаи Хоҷаи Аъло масъалаҳои суръат бахшидан ба ободонии маҳаллаҳои аҳолинишин, омодагӣ ба мавсими киштукори баҳорӣ, густариши ҳамкориҳои бахши хусусӣ бо мақомоти давлатӣ дар самти фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ, бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра матраҳ гардидаанд.

«Қодирӣ аз сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини ҳаммарз бо Қирғизистон даъват кард, ки ба иғвогариҳои нерӯҳои ҷудогона, ки ба дӯстии чандинасраи мардуми тоҷику қирғиз рахна ворид карданианд, дода нашаванд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки и.в. раиси вилояти Суғд ба сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини ҳаммарз итминон додааст, ки тамоми масоили марбут ба аломатгузорӣ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳи осоиштаву созиш сари мизи гуфтушунид ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар суҳбати телефонӣ бо ОИ «Азия-Плюс» сокинони Исфара маълумоти чанде аз ВАО бобати дар тамоми гузаргоҳҳҳои марзӣ бо Қирғизистон ҷамъ шудани миқдори зиёди воситаҳои нақлиёти боркашро рад намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.