Баррасии якчанд парванда бо иштироки хориҷиён дар соли 2013

Соли гузашта дар Суди олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун дар зинаи аввали судӣ як қатор аризаҳои даъвогӣ бо ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ баррасӣ шуданд. Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ Наим Мансуров дар ин робита изҳор намуд, ки тӯли сол даъвои ҶДММ «Венстранстрой» (Маскав) аз болои ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» дар бораи рӯёнидани беш аз […]

Пайрав Чоршанбиев


Соли гузашта дар Суди олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамчун дар зинаи аввали судӣ як қатор аризаҳои даъвогӣ бо ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ баррасӣ шуданд.

Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ Наим Мансуров дар ин робита изҳор намуд, ки тӯли сол даъвои ҶДММ «Венстранстрой» (Маскав) аз болои ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» дар бораи рӯёнидани беш аз 5,6 млн. сомонӣ, даъвои КВД «Белтранс» (Минск) нисбати соҳикори инфиродӣ Раҷабов оид ба рӯёнидани зиёда аз 2,2 млн. сомонӣ ба фоидаи даъвогар ва даъвои КМ «Таком Голд» нисбати ширкати чинӣ оид ба сармоягузорӣ ва рушди «Сзиан ЛТД» дар бораи бекор кардани шартномаи тиҷоратӣ миёни ҷонибҳо баррасӣ ва рад карда шудааст.

«Ғайр аз ин, аризаи даъваогии ҶСК «Межрегиональный Транзит Телеком» дар бораи рӯёнидани қарз дар ҳаҷми беш аз 2,7 млн. сомонӣ аз ширкати тоҷикистонии фароҳамсози интернети «Сатурн-Онлайн» баррасӣ ва қисман қонеъ кард шуд», – иброз дошт раиси Суди олии иқтисодӣ.

Ба қавли ӯ, айни замон боз як қатор парвандаҳо бо ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.

Зимнан зикр гардид, ки Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ соли гузашта дар маҷмӯъ 454 парвандаро баррасӣ карда, ба маблағи ҳудуди 31 млн. сомонӣ ва қариб 6 млн. доллари ИМА аризаҳои даъвогӣ қонеъ карда шудаанд.

Аз ин миқдор маблағи беш аз 2,1 млн. сомонӣ ва беш аз 3,5 млн. доллари ИМА ба фоидаи корхонаҳои давлатӣ рӯёнида шуда, ба фоидаи буҷети давлат дар ҳаҷми зиёда аз 1,3 млн. сомонӣ маблағ ситонида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.