Раҳматов: Қочоқи сӯзишворӣ аз Қирғизистон қатъ намешавад

Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъматҷон Раҳматов изҳор намуд, ки пас аз бекор шудани боҷи содиротӣ ба воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳам, қочоқи маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон қатъ намешавад. «Ин ба шароити гуногуни андозбандӣ дар кишварҳо вобаста буда, дар кишвари ҳамсоя тарофаҳои андоз […]

Заррина Эргашева


Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъматҷон Раҳматов изҳор намуд, ки пас аз бекор шудани боҷи содиротӣ ба воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳам, қочоқи маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон қатъ намешавад.

«Ин ба шароити гуногуни андозбандӣ дар кишварҳо вобаста буда, дар кишвари ҳамсоя тарофаҳои андоз ва боҷи гумрукӣ нисбатан пасттаранд, ки қочоқгарони беинсоф метавонанд аз онҳо истифода баранд», – иброз дошт ӯ.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, андози аксизии воридоти 1 тонна бензин ва керосин ба Тоҷикистон 50 евро, сӯзишвории дизелӣ – 6,6 евро ва андоз аз арзиши изофа дар ҳаҷми 18% муқаррар шуда, дар кишвари ҳамсоя он мутаносибан  – 17 $, 4,4 $ ва 12%-ро ташкил медиҳад.

Раҳматов ҳамчунин зикр кард, ки мутобиқи қарордод бо Русия, сӯзишвориии аз Русия воридшударо Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм содирот намекунад.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 ба Тоҷикистон 383 ҳазору 003 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 10 ҳазору 795 тонна зиёдтар аст. Дар ин давра ба Тоҷикистон ҳамчунин дар ҳаҷми 213 ҳазору 692,2 тонна

гази моеъ

ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 132 ҳазору 435 тонна зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.