Табодули асноди тасдиқи созишномаҳо миёни Тоҷикистону Русия

Рӯзи 24-уми январ миёни Тоҷикистону Русия маросими табодули асноди тасдиқи Созишномаҳо дар бораи тамдиди муддати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, шароити будубоши муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон сурат мегирад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, маросими табодул дар доираи оғози кори […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи 24-уми январ миёни Тоҷикистону Русия маросими табодули асноди тасдиқи Созишномаҳо дар бораи тамдиди муддати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, шароити будубоши муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон сурат мегирад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, маросими табодул дар доираи оғози кори ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар Душанбе доир мегардад.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа нахутсваир Қоҳир Расулзода ва ҳайати Русияро муовини аввали нахуствазири ҳукумати Русия Игор Шувалов роҳбарӣ мекунанд.

 «Рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта, 24-уми январ Игор Шуваловро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки масоили марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, саноат, бахши кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, илм ва техника дар маркази таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия қарор хоҳад дошт.

«Ба масъалаи пардохт нашудани қарзҳо ба ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ 170 млн доллар кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.