Коршиносон: Лоиҳаи МБ-2-и Душанберо аз экологҳо пинҳон доштанд

Аввали моҳи январи соли ҷорӣ навбати аввали Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-2 Душанбе, ки бо истифода аз ангишти маҳаллӣ кор мекунад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аммо баъди чанд рӯз бинобар партовҳои зиёди ифлос ба фазо фаъолияташ боздошта шуд. Қаблан мансабдорон итминон дода буданд, ки дар иншоот таҷҳизоти муосири технологии поксозӣ (филтр) насб шуда, он ба ҳифзи […]

ASIA-Plus


Аввали моҳи январи соли ҷорӣ навбати аввали Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-2 Душанбе, ки бо истифода аз ангишти маҳаллӣ кор мекунад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аммо баъди чанд рӯз бинобар партовҳои зиёди ифлос ба фазо фаъолияташ боздошта шуд. Қаблан мансабдорон итминон дода буданд, ки дар иншоот таҷҳизоти муосири технологии поксозӣ (филтр) насб шуда, он ба ҳифзи муҳити зист зараровар нахоҳад буд.

Андешаи чанде аз экологҳои тоҷик дар мавриди ин қазияро дар зер манзуратон мегардонем.


Темур Идрисов, узви ташкилоти ҷамъиятии экологии «Маленькая земля» (Замини хурд):

– Маркази барқу гармидиҳӣ бо истифода аз ангишт ифлостарин навъи истифодаи сӯзишворӣ буда, ҳангоми сӯхтани он маводи хатарнок, аз қабили симоб ва металлҳои вазнин ба фазо хориҷ мешаванд. Ҳатто агар дар иншоот таҷҳизоти поксозӣ насб шуда бошад ҳам, партовҳо ба мисли дажғол ва хокистар дорои маводи зарарноканд. Бунёди МБГ бо истифода аз ангиштро мебояд дар маҷмӯъ бо ҷойгиршавии он дар наздикии боз як корхонаи дигар – «Сементи тоҷик», ки низ тадриҷан ба истифодаи ангишт мегузарад (ду иншот дар ин мавзеъ), кам шудани минтақаҳои сарсабз дар шаҳр, афзоиши бесобиқаи шумораи автомашинаҳо ва зербино (кашонидани ангишт) баррасӣ намуд, ки бидуни шубҳа ба ин омил «саҳм»-и худро мегузоранд.


Директори Маркази экологии ҷавонон Юрий Скочилов:

– Вазъи марбут бо МБГ-2-и Душанбе хеле ташвишовар аст. Ҳарчанд қонун «Дар бораи ташхиси экологӣ» мавриди амал қарор дошта бошад ҳам, ман фикр мекунам, ки ҳеҷ гуна ташхис гузаронида нашудааст. Мо чандин маротиба бо дархости дахлдор дар ин масъала муроҷиат кардем, вале паҳлӯи экологии ин масъала пинҳон нигоҳ дошта мешуд.


Муаззама Бурҳонова, раиси ташкилоти ҷамъиятии экологии «Фонди дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ»:

– Мо, ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ низ эродҳои худро оид ба бунёди МБГ изҳор доштем. Соли 2013 ман чандин маротиба ба Вазорати энергетика ва саноати ҶТ бо дархости пешниҳоди лоиҳаи МБГ-2-и Душанбе муроҷиат намудам, вале бо ҳар баҳона аз пешниҳоди он худдорӣ варзиданд. Бовар дорам, ки дигар сабабҳои пинҳон нигоҳ доштани он низ мавҷуданд. Масалан, дар Қирғизистон оид ба фаъолияти ширкати чинии ТВЕА, ки дар Бишкек МБГ месозад, бинобар сабаби салоҳияти нокофӣ ва беҳад зиёд кардани арзиши лоиҳавии иншоот норзигиҳо дар ҳоли афзоишанд.

Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ аз ширкати «Барқи тоҷик», ангиште, ки ба МБГ-2-и Душанбе аз кони Зиддӣ оварда мешавад, намесӯхтааст ва фикр доранд, ки иншоотро ба истифодаи мазут гузаронанд. Мутаносибан аз нигоҳи иқтисодӣ иншоот барои низоми энергетикии Тоҷикистон гарон ва зиёновар хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки дастрасии маълумот (маълумоти саҳеҳу воқеӣ) дар бораи арзиши МБГ-2 Душанбе, аз ҷониби кӣ истифода шудани хизматгузориҳои он, технологияҳо, тарофаҳо ва арзиши аслии он хеле мушкил аст.

Дар ҳамин ҳол, зимни нишасти хабарии

рӯзи 22-юми январ

раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ Хайрулло Ибодзода дар мавриди ин масъала зикр кард, ки партовҳо ба фазо зимни мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 аз ҳадди ниҳоии меъёрҳои иҷозатшуда боло набуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби ҷавонон ба артиш дар кишвар пурра иҷро шудааст. Ин мавсими даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ аз...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.