Миёни журналистони телевизион озмун эълон гардид

Мактаби журналистикаи телевизионии Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои иштирок дар мактаби журналистикаи телевизионӣ озмуни тележурналистонро эълон кард. Тавре ташкилоти мазкур иттилоъ дод, мактаби журналистикаи телевизионӣ яке аз бахшхои лоиҳаи «Маркази рушди маълумоти журналистӣ» буда, ба ҳалли масъалаи норасоии кадрҳо дар соҳаи ВАО-и ватанӣ равона гардидааст. «Дар озмун метавонанд […]

Суман Шаҳзода


Мактаби журналистикаи телевизионии Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои иштирок дар мактаби журналистикаи телевизионӣ озмуни тележурналистонро эълон кард.

Тавре ташкилоти мазкур иттилоъ дод, мактаби журналистикаи телевизионӣ яке аз бахшхои лоиҳаи «Маркази рушди маълумоти журналистӣ» буда, ба ҳалли масъалаи норасоии кадрҳо дар соҳаи ВАО-и ватанӣ равона гардидааст.

«Дар озмун метавонанд журналистони телевизионҳои мустақилу давлатӣ ва ҷавонони ба журналистикаи телевизионӣ ҳавасманд иштирок кунанд. «Таҳсил дар мактаб ҳаштмоҳа буда, аз ду давраи омӯзишии комил ва давраҳои омӯзишии фосилавӣ иборат аст. Як қисми машғулиятҳои назариявӣ ва ҳама машғулиятҳои амалӣ бо иштироки гурӯҳи наворбардорон ба тарзи муштарак мегузаранд. Барномаи мактаб нозукихои кор дар телевизион, ташкили кор ва истењсоли ахбор, банақшагирии ҷараёни наворбардорӣ, сохтани гузоришҳои иттилоотӣ, махсус ва ғ., санъати сухан, сохтан ва истифодабарии бойгонӣ, асосҳои одоби касбӣ ва дигар самтҳои муҳими соҳаи телевизионро дар бар мегирад», – иттилоъ дод манбаъ.

Зикр мегардад, ки дар доираи лоиҳа озмун барои маводи беҳтарини журналистони телевизионӣ низ гузаронида мешавад. Ғолибони озмунро сафари омӯзишӣ ба яке аз ширкатҳои телевизионии хориҷӣ интизор аст. Дар озмун хоҳишмандони аз 20 то 35 сола метаовнанд ширкат варзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.