Дар Хуҷанд дар як сол ба 400 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд



Дар шаҳри Хуҷанд давоми соли 2013 ба миқдори зиёда аз 400 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти истехсолгардида нисбати соли 2012 ба 114,8% афзоиш ёфта, шумораи корхонаҳои хурду бузург ба 90 адад расид.

Тавре дар сомонаи ҳукумати шаҳри Хуҷанд омадааст, ба қатори калонтарин корхонаҳои шаҳр корхонаи ресандагии «Неку Хуҷанд», корхонаи муштараки Кореяву Тоҷикистон «Каабол Тоҷик Текстайлс» ва  корхонаи «Нассоҷии Хуҷанд» дохил мешаванд.

Ҳаҷми истеҳсол ва коркарди пахта  дар корхонаи аввалӣ давоми соли 2013 баробар ба 360 тонна гардидааст. Корхонаи мазкур аз соли 2010  ба фаъолият оғоз карда, айни замон дар он наздик 200 нафар бо ҷойи корӣ таъминанд. Маҳсулоти истеҳсол намудаи ин коргоҳ дар кишвархои Туркияву Руссия ва бозори дохила ба фуруш гузошта шудааст.  Тибки нақша нақшаи имсолаи коркарди пахта бояд ба 1000 тонна расонида шавад.

Корхонаи дуввумӣ, собиқ корхонаи муштараки Кареяву Тоҷикистон «Каабол Тоҷик Текстайлс» соли 2007 собиқ аз фаъолият бозмонда буд. Солҳои фаъолияти кории ин корхона 2 ҳазору 320 нафар бо ҷойи корӣ таъмин буданд. Ин коргоҳ дорои сехҳои бофандагӣ, ресандагӣ, рангуборкунӣ  буд.

«Ҳоло шароит ва имкони аз нав ба кор даровардани корхона вуҷуд дорад. Бино ба гуфти роҳбарияти корхона ҳоло гуфтушунид ва баррасии азнав ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами коргоҳ бо ширкатҳои давлати Покистон «Прайм-коттон» рафта истодааст. Дар сурати ба як қарор омадан эҳтимол аст,ки моҳи марти ҳамин сол корхона ба кор дарояд. Агар корхона дигарбора  ба кор шурӯъ намояд, дар маҷмӯъ наздик 900 ҷойи корӣ фароҳам оварда мешавад. Дар як моҳ ба иқтидори 300 тонна  пахта коркард шуда, 150 ҳазор метр матои ҷинс омода гардад» – қайд гардидааст дар сомона.

Корхонаи сеюмӣ «Нассоҷии Хуҷанд» давоми соли сипаригардида, ба миқдори 68 тонна маҳсулот истеҳсол намудааст. Дар коргоҳ зиёда аз 120 нафар бо ҷойи корӣ таъмин буда, кормандони он дар се баст фаъолият мебаранд. Нақшаи солонаи нав ҳаҷми маҳсулот бояд  ба як ҳазору дусад тонна расонида шавад.

spot_imgspot_img

Популярное