Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъматҷон Раҳматов изҳор намуд, ки пас аз бекор шудани боҷи содиротӣ ба воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳам, қочоқи маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон қатъ намешавад.
«Ин ба шароити гуногуни андозбандӣ дар кишварҳо вобаста буда, дар кишвари ҳамсоя тарофаҳои андоз ва боҷи гумрукӣ нисбатан пасттаранд, ки қочоқгарони беинсоф метавонанд аз онҳо истифода баранд», – иброз дошт ӯ.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, андози аксизии воридоти 1 тонна бензин ва керосин ба Тоҷикистон 50 евро, сӯзишвории дизелӣ – 6,6 евро ва андоз аз арзиши изофа дар ҳаҷми 18% муқаррар шуда, дар кишвари ҳамсоя он мутаносибан – 17 $, 4,4 $ ва 12%-ро ташкил медиҳад.
Раҳматов ҳамчунин зикр кард, ки мутобиқи қарордод бо Русия, сӯзишвориии аз Русия воридшударо Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм содирот намекунад.
Қобили зикр аст, ки соли 2013 ба Тоҷикистон 383 ҳазору 003 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 10 ҳазору 795 тонна зиёдтар аст. Дар ин давра ба Тоҷикистон ҳамчунин дар ҳаҷми 213 ҳазору 692,2 тонна
гази моеъ
ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 132 ҳазору 435 тонна зиёдтар аст.



