Соли 2013 ба Тоҷикистон 65 ҳазору 600 адад нақлиёти автомбилӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 14,5 ҳазор адад зиёдтар аст.
Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки ҶТ Неъматҷон Раҳматов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки бекор шудани реҷаи имтиёзноки воридоти автомобилҳо ба шумори воридоти воситаҳои нақлиёт ҳеҷ таъсире нарасонид.
Қобили зикр аст, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, барои тамоми воридкунандагони воситаҳои нақлиёт аз 1-уми феврали соли 2013 қоидаҳои ягона муқаррар шуданд. Мутобиқи ин қарор, зимни анҷоми расмиёти гумрукии автомобил пардохти 18% андоз аз арзиши изофа, 5% боҷи гумрукӣ ва 10% андози аксизӣ зарур аст ва агар муҳлати истеҳсоли автомашина аз 5 сол зиёд бошад, меъёри боҷи гумрукӣ 7%-ро ташкил хоҳад дод.
Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки ҶТ зикр кард, ки солҳои наздик ворид намудани тағйирот ба қоидаҳои воридоти нақлиёти автомобилӣ ба Тоҷикистон дар назар нест.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, соли 2008 ба Тоҷикистон 94,1 ҳазор, соли 2009 – 38,1 ҳазор, соли 2010 – 34,2 ҳазор, соли 2011 – 39 ҳазору 69 ва соли 2012 – 51 ҳазору 80 адад автомобил ворид карда шудааст.



