Танҳо дар як соли гузашта зиёда аз 3 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз сарҳади Русия берун карда шудаанд.
Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ Анвар Бобоев, сарвари Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ иброз дошт.
Ба гуфтаи ӯ, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ва Хадамоти федеролии бехатарии Русия дар ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон 72 ҳазор шаҳрванди ҷумҳуриамонро, ки ба қаламрави Русия ворид шуда наметавонанд, дар рӯйхати худ номнавис кардаанд.
Вай афзуд: “Ин нафарон дар муҳлати аз 3 то 5 сол вориди қаламрави Русия шуда наметавонанд. Хадамоти федеролии бехатарии Русия маълумоти охирро дар даст дорад ва онҳоеро, ки қонунҳои ин кишварро риоя накардаанд, аз сарҳад берун мекунад. Ин рақамҳо дақиқанд, ному насаби ихроҷшудагон ва шаҳру ноҳияи зисташон маълум аст, фақат бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем, ки то муҳлати манъшуда аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд”.
Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ба ҳолати 15-уми декабри соли 2013 аз ҷумҳурӣ 779 ҳазору 396 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа сафар кардаанд. Ин нишондиҳанда 35036 нафар нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 зиёд аст. Аз ин шумор 768 ҳазору 222 нафар ба Русия ва боқимонда ба дигар кишварҳо сафар кардаанд. Дар соли гузашта аз хориҷ 605 ҳазору 636 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргаштаанд.
Ҳамзамон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Нурулло Маҳмадуллоев зикр кард, ки бо мусоидати филиали намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ба андозаи 9 миллиону 603 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони кории тоҷик баргардонида шудааст. Ҳамчунин бо дахолати Хадамоти муҳоҷират 11 қарори судҳои ноҳиявии шаҳри Маскав оид ба берун кардани шаҳрвандони ҶТ аз қаламрави Русия аз нав баррасӣ ва бо қарори суди зинаи болоӣ бекор гаштааст.
Дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки соли 2013 музди меҳнати ҳадди ақал дар тамоми соҳаҳои иқтисод ба андозаи 250 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст. Музди меҳнати миёнаи кормандон 21,5 % афзоиш ёфта, ба 682 сомонӣ баробар гаштааст. Соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ 205 ҳазору 333 ҷойи кории нав таъсис дода шудааст. Инчунин тайи солҳои 2012 теъдоди аҳолии машғули кор 88 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Дар акс:
Анвар Бобоев, сарвари Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.



