Шӯрои ВАО нашрияҳои «солим» ва носолим»-ро муайян кард

Бо ибтикори Шӯрои ВАО, аз нимаи дуюми моҳи июл то охири декабри соли гузашта, вобаста ба риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», пайгирии (мониторинги) воситаҳои ахбори омма гузаронида шуд. Бино ба маълумоти сомонаи Шӯрои ВАО-и ҶТ, пайгирии мазкур 43 нашрияи чопӣ ва 10 нашрияҳои электронӣ (интернетӣ)-ро, ки миёнашон нашрияҳои ҳукуматӣ (давлатӣ), ҷамъиятӣ, ҳизбӣ ва […]

ASIA-Plus


Бо ибтикори Шӯрои ВАО, аз нимаи дуюми моҳи июл то охири декабри соли гузашта, вобаста ба риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон», пайгирии (мониторинги) воситаҳои ахбори омма гузаронида шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи Шӯрои ВАО-и ҶТ, пайгирии мазкур 43 нашрияи чопӣ ва 10 нашрияҳои электронӣ (интернетӣ)-ро, ки миёнашон нашрияҳои ҳукуматӣ (давлатӣ), ҷамъиятӣ, ҳизбӣ ва хусусӣ буданд, дар бар гирифт.

Аз рӯи натиҷаҳои пайгирӣ муҳаққиқон ВАО-и чопиро ба се намуд – солим, калаванда ва носолим тақисм карданд.

Ҳамин тариқ, ба ВАО-и солим, ки бо назардошти «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» амал мекунанд  – «Нигоҳ», «Рӯзгор», «Фараж», «Озодагон», «Адабиёт ва санъат», «Азия-плюс», маҷаллаҳои «Бонувон», «Чашма», «Навниҳол» дохил шудаанд.

Ба ВАО-и калаванда, ки гоҳо рӯ ба меъёрҳои ахлоқи касбӣ меоваранду гоҳе аз он берун мераванд – рӯзномаҳои «Садои мардум», «Народная газета», «Имрӯз-News», ҳафтаномаҳои «Минбари халқ», «Тоҷикистон», «Чархи гардун», «СССР», «Миллат», «Ману ту» шомил гардидаанд.

 Дар сафи ВАО-и носолим – рӯзномаи «Ҷумҳурият», ҳафтаномаҳои «Оила», «Муҳаббат ва оила», «Зан ва мард» ва амсоли инҳо зикр шудаанд, ки ки ғӯтавари фисқу фуҷур, фаҳш ва пастзанандаи шаъну шараф ва ҳайсиятанд.

Дар гузориш оид ба натиҷаҳои пайгирӣ зикр мегардад, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯз то рӯз рушд дорад ва ин далолат аз он мекунад, ки мардум баробари рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва дар он мавҷуд будани омилҳои демократӣ, аз ҳуқуқу манфиатҳои худ бархӯрдор гашта, ба ҳар ҳарфи навиштаву гуфтаи рӯзноманигорон аз лиҳози ҳуқуқӣ назар меафкананд.

«Мо шоҳиди бисёр ҳаводисе гардидаем, ки бинобар риоя накардани меъёрҳои ахлоқӣ ҳамкасбони мӯҳтарами мо то зинаҳои судӣ даст ба гиребон гашта, ба нокомиҳо рӯёрӯ омадаанд, зеро ҷомеа ҳар рӯз беш аз пештара нозуку ҳушманд гардида, барои ҳимояи шаъну шараф ва ормонҳои милливу фарҳангияш дар талош мешавад», – омадааст дар гузориш.

Муҳаққиқон мегӯянд, дар натиҷаи пайгирии ВАО, ҳафтаномаҳое чун «Чархи гардун», «Тоҷикистон», рӯзномаи «Имрӯз-News», пас аз эродҳо маҷрои худро тағйир дода, ба риояи «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» пардохтанд ва кормандони ин нашрияҳо ба хубӣ дарк карданд, ки эътироф ва риояи меъёрҳои касбӣ ба фоидаи худи онҳост.

Дар робита ба ВАО-и давлатӣ қайд мешавад, ки бо пиёда намудани бозиҳои сиёсӣ талаботи эҳтиром гузоштан ба шахс барҳам хӯрда, ҳаёти шахсии баъзе ашхос чунон мавриди носазогӯйиҳо қарор мегирад, ки он аз доираи одоби касбӣ берун рафта, шаъну шараф ва эътибори баъзе ашхосро тавассути алфози қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез, аксу тасвирҳои номуносиб, ҳамчунин туҳмат, паст мезананд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.