Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон маълумот дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи «Манас»-и шаҳри Бишкекро рад мекунад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» тариқи телефон котиби матбуотии хадамоти мазкур, подполковники нерӯҳои марзбонӣ Гулмира Борубоева хабар дод.
Ба қавли ӯ, парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе-Бишкек тибқи реҷа ҷараён дошта, дар масъалаи марзи давлатиро убур кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.
Борубоева шарҳ дод, ки дар қитъаи роҳи мошингарди марзи Тоҷикистону Қирғизистон убури воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандони Тоҷикистону Кирғизистон муваққатан манъ шуда, аммо гузаргоҳҳои марзии ҳавоӣ дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.
«Дар қитъаи марзи Қирғизистону Қазоқистон ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ набуда, дар минтақаи марзии Қирғизистону Ӯзбекистон ҷониби ӯзбекон якҷониба то ба эътидол омадани вазъ барои равуои тоҷикон маҳдудиятҳо ҷорӣ намудаанд», – иброз дошт ӯ.
Аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қирғизистон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки шаҳрвандони тоҷики дар фурудгоҳи «Манас» боздоштшуда ҳанӯз шаби гузашта тамоми расмиёти убурро анҷом дода, аз фурудгоҳ берун омадаанд.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар фурудгоҳи «Манас»-и Бишкек
бори навбатӣ
шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд. Дар ин бора сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов хабар дода буд, ки ӯ низ миёни боздоштшудагон ҳузур доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин дафъа ҳадафмандона кормандони созмонҳои байнулмилалиро боздошт намуда, марзбонон ба онҳо гуфтаанд, ки «тамоми мусибатҳо бар асари фаъолияти ҳамин гуна олимоне сар мезананд, ки ба ҳалли мушкилоти ихтилофҳо машғуланд».
Ёдрас мекунем, ки ахиран аз шаҳрвандони тоҷик оид ба
монеъаэҷодкуниҳо
нисбати онҳо дар убури марзи Қазоқистону Қирғизистон ба сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон низ шикоятҳо мерасанд.
Ҳамчунин рӯзи 21-уми январ ба се нафар ҳомии ҳуқуқи тоҷик, ки ба вохӯрии ҳамасолаи Платформаи Шаҳрвандӣ «Осиёи Марказӣ дар ҳаракат» ба Бишкек раҳсипор шуда буданд, дар марзи Қазоқистону Қирғизистон иҷозаи вуруд ба Қирғизистонро надоданд ва онҳо ночор ба Душанбе баргаштанд.



