Ноҳияи Ёвон аз кумакпулии буҷети ҷумҳурӣ даст кашид

Боз як ноҳияи вилояти Хатлон аз кумаки (дотатсия)-и буҷети ҷумҳурӣ даст кашид. Бино ба гуфти раиси ноҳияи Ёвон Амирбек Маҳмадалиев, шуруъ аз соли 2014 баъди мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои азими сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент»-и ноҳияи Ёвон, имкон пайдо шуд, ки ноҳия  қисми хароҷоти буҷети худро аз ҳисоби маблағҳои худӣ пардохт бикунад. «Бо ба […]

Сайраҳмон Назриев


Боз як ноҳияи вилояти Хатлон аз кумаки (дотатсия)-и буҷети ҷумҳурӣ даст кашид.

Бино ба гуфти раиси ноҳияи Ёвон Амирбек Маҳмадалиев, шуруъ аз соли 2014 баъди мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои азими сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент»-и ноҳияи Ёвон, имкон пайдо шуд, ки ноҳия  қисми хароҷоти буҷети худро аз ҳисоби маблағҳои худӣ пардохт бикунад. «Бо ба истифода додани ин корхона мо натанҳо хароҷоти буҷети худро бароварда мекунем, балки 9 млн. сомонии дигар ба буҷети вилоят низ ҳисса ҷудо мекунем», – илова кард раиси ноҳия.

Ба иттилои раиси ноҳия, буҷети соли 2014  аз 41 млн. сомонии соли 2013 то ба 67 млн. сомонӣ расида, соли 2013 ноҳия аз буҷети ҷумҳуриявӣ 5 млн. сомонӣ кумакпулӣ мегирифт. «Хушбахтона, ноҳия тавонист ба ноҳияи худмаблағгузор табдил ёбад», – афзуд раиси ноҳия.

Бояд ёдовар шуд, ки шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Данғара дар вилояти Хатлон шаҳру навоҳие мебошанд, ки ба худмаблағгузорӣ гузашта буданд. Аз ин баъд ноҳияи Ёвон низ ба ин руйхат шомил шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.