Хадамоти марзбонии ҶҚ: Фурудгоҳи «Манас» барои шаҳрвандони тоҷик боз аст

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон маълумот дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи «Манас»-и шаҳри Бишкекро рад мекунад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» тариқи телефон котиби матбуотии хадамоти мазкур, подполковники нерӯҳои марзбонӣ Гулмира Борубоева хабар дод. Ба қавли ӯ, парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе-Бишкек тибқи реҷа ҷараён дошта, дар масъалаи марзи давлатиро убур кардани шаҳрвандони […]

ASIA-Plus


Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон маълумот дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи «Манас»-и шаҳри Бишкекро рад мекунад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» тариқи телефон котиби матбуотии хадамоти мазкур, подполковники нерӯҳои марзбонӣ Гулмира Борубоева хабар дод.

Ба қавли ӯ, парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе-Бишкек тибқи реҷа ҷараён дошта, дар масъалаи марзи давлатиро убур кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.

Борубоева шарҳ дод, ки дар қитъаи роҳи мошингарди марзи Тоҷикистону Қирғизистон убури воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандони Тоҷикистону Кирғизистон муваққатан манъ шуда, аммо гузаргоҳҳои марзии ҳавоӣ дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.

«Дар қитъаи марзи Қирғизистону Қазоқистон ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ набуда, дар минтақаи марзии Қирғизистону Ӯзбекистон ҷониби ӯзбекон якҷониба то ба эътидол омадани вазъ барои равуои тоҷикон маҳдудиятҳо ҷорӣ намудаанд», – иброз дошт ӯ.

Аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Қирғизистон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки шаҳрвандони тоҷики дар фурудгоҳи «Манас» боздоштшуда ҳанӯз шаби гузашта тамоми расмиёти убурро анҷом дода, аз фурудгоҳ берун омадаанд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар фурудгоҳи «Манас»-и Бишкек

бори навбатӣ

шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд. Дар ин бора сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов хабар дода буд, ки ӯ низ миёни боздоштшудагон ҳузур доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин дафъа ҳадафмандона кормандони созмонҳои байнулмилалиро боздошт намуда, марзбонон ба онҳо гуфтаанд, ки «тамоми мусибатҳо бар асари фаъолияти ҳамин гуна олимоне сар мезананд, ки ба ҳалли мушкилоти ихтилофҳо машғуланд».

Ёдрас мекунем, ки ахиран аз шаҳрвандони тоҷик оид ба

монеъаэҷодкуниҳо

нисбати онҳо дар убури марзи Қазоқистону Қирғизистон ба сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон низ шикоятҳо мерасанд.

Ҳамчунин рӯзи 21-уми январ ба се нафар ҳомии ҳуқуқи тоҷик, ки ба вохӯрии ҳамасолаи Платформаи Шаҳрвандӣ «Осиёи Марказӣ дар ҳаракат» ба Бишкек раҳсипор шуда буданд, дар марзи Қазоқистону Қирғизистон иҷозаи вуруд ба Қирғизистонро надоданд ва онҳо ночор ба Душанбе баргаштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.