ОМОН-и Бадахшон аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ ташкил мешавад

Ҳайати дастаи таъиноти махсуси милиса (ДТММ, ОМОН)-и Раёсати ВКД ҶТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон комилан аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ таъмин хоҳад шуд. Сардори Раёсати ВКД ҶТ дар ВМКБ Файзулло Нозимов ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки шумори ҳайати даста аз 30 то ба 100 нафар зиёд шуда, онҳо гурӯҳи ҳайати маҳдуди ин […]

ASIA-Plus


Ҳайати дастаи таъиноти махсуси милиса (ДТММ, ОМОН)-и Раёсати ВКД ҶТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон комилан аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ таъмин хоҳад шуд.

Сардори Раёсати ВКД ҶТ дар ВМКБ Файзулло Нозимов ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки шумори ҳайати даста аз 30 то ба 100 нафар зиёд шуда, онҳо гурӯҳи ҳайати маҳдуди ин дастаро, ки ҳанӯз аз замони рӯйдодҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ қарор доранд, иваз хоҳанд кард.

«Вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ дар Хоруғ пурра ба эътидол омада, барои дар ин ҷо нигаҳдории дастаи ДТММ-и сафарбаршуда дигар ҳеҷ зарурате намонд, – иброз дошт ӯ.

Мақомоти раҳбарии Раёсати мазкур бар ин назар аст, ки ин иқдом ба коҳиши бекорӣ миёни ҷавонони маҳаллӣ тавассути ҷалби ҷавонони қобилиятноку ватандӯст ба хизмат мусоидат намуда, маблағҳои сарфашуда аз таъмини дастаи сафарбаршуда ба беҳбуди шароити маишии кормандони маҳаллии милиса равона хоҳад шуд.

Ба қавли Ф.Нозимов, кормандони раёсат ба таъмини тартибот дар шаҳру навоҳӣ бо нерӯи худӣ имкон доранд. «Болоравии эътимоди мардуми маҳаллӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон медихад, ки кормандони милиса уҳдадориҳои худро пурсамар ба иҷро расонанд», – мутмаин аст сардори раёсат.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.