Пешниҳоди ҲНИТ оид ба коҳиши гаравпулии интихоботӣ то ҳадди ақал


Вакилони палатаи поёнии парлумон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ ворид намудани

тағйироту илова

ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ»-ро пешниҳод карданд.

Яке аз муаллифони лоиҳаи тағйироту илова, муовини аввали раиси ҲНИТ С.Ҳусайнӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки онҳо ба коҳиши ҳаҷми гаравпулии интихоботӣ барои номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон то ҳадди ақал равона гардидаанд.

«Мо пешниҳод кардем, ки ҳаҷми гаравпулии интихоботӣ аз 200 нишондиҳандаи ҳисоби ҳозира то 20 нишондиҳанда, яъне аз 8 ҳазор сомонӣ то 800 сомонӣ кам карда шавад», – иброз дошт номбурда.

Ба қавли ӯ, дар тағийроту илова ҳамчунин пешбинӣ мешавад, ки агар номзад ба вакилӣ дар интихобот беш аз 10%-и овозҳоро касб кунад, гаравпулии интихоботӣ ба ӯ баргардонида мешавад, вале агар номзад бо айби худаш ё бо гуноҳе ҳизбе, ки ӯро пешбарӣ кардааст, аз маъракаи пеазинтихоботӣ канор равад, гаравпулии интихоботӣ ба ӯ баргардонида намешавад.

Қаблан раиси Кумитаи қонунгузорӣ ба ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадалӣ Ватанов зимни пешниҳоди тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур зикр карда буд, ки дар онҳо ҳаҷми гаравпулии интихоботӣ барои бақайдгирии номзадҳо ба вакилии палатаи поёнии парлумон ба ҷойи 8 ҳазор сомонии пешин

4 ҳазор сомонӣ

пешбинӣ шудааст. 

spot_imgspot_img

Популярное