Ҳушдори Донишкадаи энергетикӣ ба ширкати «Барқи тоҷик»

Дар робита ба таҳсили донишҷӯён дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти сарпарастиии ширкати «Барқи тоҷик», раҳбарияти донишкада ширкатро огоҳ кард, ки дар сурати напардохтани маблағи таҳсили онҳо, чора хоҳад андешид. Хайрулло Назаров, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа, зимни як нишасти матбуотиаш изҳор дошт, ки лоиҳаи фармони хориҷ кардани беш аз 30 […]

Сайраҳмон Назриев


Дар робита ба таҳсили донишҷӯён дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти сарпарастиии ширкати «Барқи тоҷик», раҳбарияти донишкада ширкатро огоҳ кард, ки дар сурати напардохтани маблағи таҳсили онҳо, чора хоҳад андешид.

Хайрулло Назаров, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар шаҳри Қурғонтеппа, зимни як нишасти матбуотиаш изҳор дошт, ки лоиҳаи фармони хориҷ кардани беш аз 30 нафар донишҷуёне, ки зери сарпарастии ширкати «Барқи тоҷик» дар ин донишкада таҳсил доранд, аллакай омода шудааст.

«Агар ширкати «Барқи тоҷик» то моҳи феврали соли равон маблағҳои қарзашро, ки то имрӯз 789 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, пардохт накунад, мо донишҷуёнашро ҳам аз шуъбаҳои рӯзонаву ҳам аз шуъбаи шабона хориҷ хоҳем кард», – иброз дошт ректор.

Ба қавли ӯ, мувофиқи ваъдаҳои роҳбарияти ширкат ба онҳо, маблағҳои қарзашон бояд то моҳи феврал пардохта шаванд. «Дар сурати напардохтан, мо илоҷи дигар надорем», – афзуд Х.Назаров.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.