«Тоҷикматлубот» содироти маҳсулотро як баробар зиёд кард

Дар соли сипаришуда Иттифоқи « Тоҷикматлубот » 14, 491 тон маҳсулот содир кард, ки ин дар қиёс бо соли 2012 як баробар бештар аст.  Дар ин бора 27 январ раиси Иттифоқи « Тоҷикматлубот » Сироҷиддин Валиев зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2013 содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби «Тоҷикматлубот» ба кишварҳои […]

Исфандиёр Халилов


Дар соли сипаришуда Иттифоқи


«


Тоҷикматлубот


»


14, 491 тон маҳсулот содир кард, ки ин дар қиёс бо соли 2012 як баробар бештар аст.  Дар ин бора 27 январ раиси Иттифоқи


«


Тоҷикматлубот


»


Сироҷиддин Валиев зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2013 содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби «Тоҷикматлубот» ба кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Ироқ сурат гирифтааст.

«Аз ҷумла, ба Ҷумҳурии Қирғизистон 22 тон пиёз ва 247 тон мева содирот шудааст. Ҳамчунин ба Афғонистон 1288 тон пиёз ва 16 тон чормағз, ба Ироқ 68 тон меваи хушк, ба Русия 3300 тон сабзавот, 290 тон мева, 80 тон меваи хушк, 196 тон полезӣ, 1,5 тон лимӯ, 2,9 тон асал ва ба Қазоқистон 8164 тон сабзавот, 321 тон меваи хушк, 212 тон мева содирот гаштааст», – гуфт Валиев.

Зимнан Сироҷиддин Валиев аз посух ба суоли хабарнигорон оид ба таъсири ҳодисаҳои наздимарзӣ ба раванди ҳамкории тоҷирони тоҷику қирғиз худдорӣ кард.

«Дар Афғонистон чанд сол боз ҷанг идома дорад, аммо на ба тоҷирони афғон ва на ба тоҷирони тоҷик касе монеа эҷод намекунад. Тоҷирон кори худро идома дода гаштаанд. Тоҷирони вилояти Суғд бо соҳибкорони кишвари дӯсти Қирғизистон ҳамкории хуб доранд. Дар ҳолатҳои зарурӣ ба табодули молу маҳсулот машғул мешаванд. Ягон монеа дар ин самт вуҷуд надорад. Ман намедонам, ки сарҳад баста аст ё не, ба масъалаҳои сиёсӣ мо сару кор намегирем», – зикр кард раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот».

Валиев дар робита ба сӯхтори бозори «Саховат» дар Кӯлоб иттилоъ дод, ки хисороти молии ҳодисаи мазкур ҳудудан ба 4 миллион сомонӣ расидааст.

«Дар натиҷаи ин сӯхтор 669 соҳибкор аз ҷойи кор маҳрум шуданд. Иттифоқи «Тоҷикматлубот» барои барқарор сохтани дӯкону мағозаҳо феълан 800 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Айни ҳол барои сохтмони дубораи бозор 400 нафар ҷалб гардида, барои барқарорсозии комили он 1 миллион сомонии дигар лозим аст», – гуфт Валиев. 

Ёдрас мешавем, дар пайи сӯхтори шаби 12-уми январ дар бозори 

«

Саховат

»

-и Кӯлоб 96 мағоза ва 382 нуқтаи савдо зарар дидаанд. Мақомот ваъда доданд, ки корҳои барқарорсозӣ дар бозор то иди Наврӯз пурра ба анҷом расонида мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.