Пешниҳоди ҲНИТ оид ба коҳиши гаравпулии интихоботӣ то ҳадди ақал

Вакилони палатаи поёнии парлумон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ»-ро пешниҳод карданд. Яке аз муаллифони лоиҳаи тағйироту илова, муовини аввали раиси ҲНИТ С.Ҳусайнӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки онҳо ба коҳиши ҳаҷми гаравпулии […]

Аваз Юлдошев


Вакилони палатаи поёнии парлумон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ ворид намудани

тағйироту илова

ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ»-ро пешниҳод карданд.

Яке аз муаллифони лоиҳаи тағйироту илова, муовини аввали раиси ҲНИТ С.Ҳусайнӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор кард, ки онҳо ба коҳиши ҳаҷми гаравпулии интихоботӣ барои номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон то ҳадди ақал равона гардидаанд.

«Мо пешниҳод кардем, ки ҳаҷми гаравпулии интихоботӣ аз 200 нишондиҳандаи ҳисоби ҳозира то 20 нишондиҳанда, яъне аз 8 ҳазор сомонӣ то 800 сомонӣ кам карда шавад», – иброз дошт номбурда.

Ба қавли ӯ, дар тағийроту илова ҳамчунин пешбинӣ мешавад, ки агар номзад ба вакилӣ дар интихобот беш аз 10%-и овозҳоро касб кунад, гаравпулии интихоботӣ ба ӯ баргардонида мешавад, вале агар номзад бо айби худаш ё бо гуноҳе ҳизбе, ки ӯро пешбарӣ кардааст, аз маъракаи пеазинтихоботӣ канор равад, гаравпулии интихоботӣ ба ӯ баргардонида намешавад.

Қаблан раиси Кумитаи қонунгузорӣ ба ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадалӣ Ватанов зимни пешниҳоди тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур зикр карда буд, ки дар онҳо ҳаҷми гаравпулии интихоботӣ барои бақайдгирии номзадҳо ба вакилии палатаи поёнии парлумон ба ҷойи 8 ҳазор сомонии пешин

4 ҳазор сомонӣ

пешбинӣ шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.