М.Пиров: Агар Барзу аз мо бошад, ӯ боз бармегардад

Дар робита ба Тоҷикистонро тарк гуфтани коргардони шинохта Барзу Абдураззоқов, муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Пиров зимни нишасти хабарӣ изҳор кард, ки қадршиноси ҳақиқии ҳунар ва коргардони содиқ ватани худро тарк карда наметавонад ва “агар Барзу аз мо бошад, ӯ боз бармегардад”. Пиров гуфт, чанд рӯз қабл ӯ дар вазорат бо Барзу мулоқот ва […]

ASIA-Plus


Дар робита ба Тоҷикистонро тарк гуфтани коргардони шинохта Барзу Абдураззоқов, муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Пиров зимни нишасти хабарӣ изҳор кард, ки қадршиноси ҳақиқии ҳунар ва коргардони содиқ ватани худро тарк карда наметавонад ва “агар Барзу аз мо бошад, ӯ боз бармегардад”.

Пиров гуфт, чанд рӯз қабл ӯ дар вазорат бо Барзу мулоқот ва ба ӯ изҳор намудааст, ки агар ӯ намоишномаеро ба саҳна гузоштанӣ бошад, пас вазорат метавонад ӯро дастгирӣ кунад, вале Барзу посух додааст, ки алҳол чунин нақшаҳоеро дар сар надорад, зеро дар Бишкек қарордоде бастаасту муваққатан ба ҳамон ҷо меравад.

«Агар Барзу ватандӯст бошад, ӯ набояд назди кишвари худ шартҳоеро гузорад, балки баҳри шукуфоӣ ва пешравии он заҳмат кашад. Чун ӯ баҳри маблағ ба Бишкек рафтааст, пас оянда бо маблағ аз он ҷо бармегардад», – иброз дошт Пиров.

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, музди меҳнати миёнаи коргардони театр дар Тоҷикистон 684 сомониро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбеков, айни замон норасоии кадрҳо, бахусус истеъдодҳои ҷавон дар бахши ҳунари театрӣ ба мушоҳида мерасад ва як худи Абдураззоқов ҳамаи мушкилоти ин соҳаро ҳал карда наметавонад.

Муовини аввали вазир фарҳанг ҳамчунин зикр кард, ки аз даъвати Барзу Абдураззоқов ба Бишкек ҳама бояд ифтихор дошта бошанд, чунки ӯ намояндаи Тоҷикистон аст. «Агар Вазорати фарҳанги Қирғизистон Абдураззоқовро даъват карда тавонад, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ ба даъвати коргардонҳои хориҷӣ ҷиҳати тахияи намоишномаҳо қодир аст», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл коргардони маъруфи театр Барзу Абдураззоқов барои кор дар Театри давлатии академии русии ба номи Чингиз Айтматов аз Душанбе

ба Бишкек раҳсипор

шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.