Қариб 3 млн. сомонӣ даромад ба буҷет аз видеокамераҳои роҳ

Зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон Маҳмадсаид Саидов изҳор намуд, ки аз моҳи ноябри соли 2013 то имрӯз аз ҳисоби ҷаримаи қонуншиканиҳо дар роҳ, ки видеокамераҳои пойтахт сабт карданд, ба буҷети ҷумҳурӣ 2 млн. 756 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид. Ба гуфтаи ӯ, ҷаримаи аз ҳама зиёдтарин дар ҳаҷми 49 ҳазор сомониро молики […]

Меҳрангез Турсунзода


Зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон Маҳмадсаид Саидов изҳор намуд, ки аз моҳи ноябри соли 2013 то имрӯз аз ҳисоби ҷаримаи қонуншиканиҳо дар роҳ, ки видеокамераҳои пойтахт сабт карданд, ба буҷети ҷумҳурӣ 2 млн. 756 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид.

Ба гуфтаи ӯ, ҷаримаи аз ҳама зиёдтарин дар ҳаҷми 49 ҳазор сомониро молики як автомашинае, ки беш аз 100 маротиба ба қонуншиканиӣ роҳ додаасту 78-тоашро кормандони БДА собит намудаанд, пардохт кардааст.

Муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ Абдураҳмон Бузмаков дар ин робита зикр кард, ки то имрӯз видеокамераҳо 150 ҳазор қонуншиканиҳо дар роҳ ва 300 ҳодисаи риоя накардани тартиботи ҷамъиятиро ошкор намуда, пас аз насби камераҳо шумори қонуншиканиҳо дар роҳи протоколӣ 50% коҳиш ёфтааст.

Сардори Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон Маҳмадсаид Саидов ҳамчунин гуфт, ояндаи наздик як сомонаи интернетии ҷудогонае роҳандозӣ хоҳад шуд, ки пас аз ворид намудани рақами автомашина ба он, ронандагон аз мавҷуд будан ё набудани ҷарима нисбати он огоҳ мешаванд. «Айни замон дар роҳҳои Душанбе ҳудуди 80 камера насб шуда, шумори онҳо тадриҷан то 850 адад меафзояд», – изҳор кард номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер