2014 – соли гулҳо дар шаҳри Хуҷанд

Соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд соли гулҳо эълон гашт. Дар робита ба ин ҳукумати шаҳр тасмим гирифтаастт, ки тамоми хиёбонҳои шаҳр ва атрофии биноҳои маъмуриву истикоматӣ бо гулҳои гуногуни ороишӣ зиннат дода шаванд. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» аз мақомоти иҷроияи шаҳри Хуҷанд хабар доданд, бо мақсади ичрои тасмими роҳбарияти шаҳр соли равон, мутобиқи нақша, бояд […]

Суман Шаҳзода


Соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд соли гулҳо эълон гашт. Дар робита ба ин ҳукумати шаҳр тасмим гирифтаастт, ки тамоми хиёбонҳои шаҳр ва атрофии биноҳои маъмуриву истикоматӣ бо гулҳои гуногуни ороишӣ зиннат дода шаванд.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» аз мақомоти иҷроияи шаҳри Хуҷанд хабар доданд, бо мақсади ичрои тасмими роҳбарияти шаҳр соли равон, мутобиқи нақша, бояд дар ҳудуди шаҳр то 50 ҳазор ниҳол шинонида шавад. Соли 2013 шумораи умумии ниҳолҳои шинонидашуда ба 32 ҳазор баробарбуд.

«Мақсад аз эълони соли гулҳо аслан тарғиби ҳифзи табиат ва тарбияти муносибати хоса ба табиат аст. Бо ин мақсад дарахтони кӯҳансоли хушкшуда бурида шуда, ба ҷойи онҳо ниҳолҳо шинонида мешаванд», – илова кард манбаъ.

Зикр Гардид, ки айни замон дар гармхонаҳои шаҳри Хуҷанд ҳудуди 80 ҳазор ниҳол парвариш карда мешаванд, ки ҳам ниҳолҳои ороишӣ ва ҳам мевадор мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.