Дар Душанбе Фестивали филмҳои ҷопонӣ баргузор мешавад

Дар пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои 1-2 феврали соли ҷорӣ Фестивали филмҳои ҷопонӣ баргузор мешавад. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, намоиши филмҳои истеҳсоли Ҷопон дар кинотеатри «Ҷавонон» – и шаҳри Душанбе соатҳои 11: 00 ва 14:00 сурат мегирад. «Дар фестивали имсола, филмҳои «Ишқи Набби», «Парвози такдир», «Маруқо пақана» ба намоиш гузошта […]

Суман Шаҳзода


Дар пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои 1-2 феврали соли ҷорӣ Фестивали филмҳои ҷопонӣ баргузор мешавад.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, намоиши филмҳои истеҳсоли Ҷопон дар кинотеатри «Ҷавонон» – и шаҳри Душанбе соатҳои 11: 00 ва 14:00 сурат мегирад.

«Дар фестивали имсола, филмҳои «Ишқи Набби», «Парвози такдир», «Маруқо пақана» ба намоиш гузошта мешаванд, ки дар онҳо мавзуъҳои мухталифи ҳаёти навини ин кишвар кисса мешавад.», – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки даромад барои тамошои филмҳо ройгон буда, тасмими баргузории фестивали мазкур аз ҷониби сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ гирифта шудааст.


Мақсад аз намоиши филмҳои ҷопонӣ муаррифии санъати киноофарӣ ва фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон аст. Дар соли 2013 дар кинотеатри «Ҷомӣ», намоиши филмҳои Ҷопони баргузор шуда буд, ки дар он филмҳои коргардони ҷопонӣ Масахико Махино «Боғи ҳайвоноти Асахияма- пингвин дар ҳаво» , «Сайдгирони овозҳои фаромӯшшуда» – коргардон Синкаи Макото, «Духтари аз вақт ҷаҳида»- и коргардон Мамору Хосода ва «Миёри ҷангали сеҳрнок» – и коргардон Нидзо Ямамото ба намоиш гузошта шуда буданд. Дар фестивалҳои қаблӣ ҳаводорони тоҷкистони тавонистанд филмҳои «Хоби  шаби тобистон», «Завҷаи Вийона» ва «Меҳмонсаройи Гибискус» – ро тамошо кунанд.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.