Зимни як амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир чор нафар шаҳрвандони кишвар боздошт шуданд, ки се нафарашон донишҷӯёни мкотиби олии кишвар мебошанд.
Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, миёни афроди боздоштшуда донишҷӯи Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон Муҳиддин Одинаев, ду нафар донишҷӯи Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ Фирдавс Раззоқов ва Буҳрӯз Давлатов ва ҳамчунин ронадаи таксӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ Иброҳим Абдуллозода ҳузур доранд.
«Ҳамаи боздоштшудагон сокинони манотиқи кишвар буда, зимни кофтуков аз онҳо ба миқдори беш аз 2,5 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид», -гуфтанд дар шуъбаи КДАМ ҶТ.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.



