Дар вилояти Хатлон озмуни минтақавии «Зан соҳиби замин» баргузор мегардад

Дар вилояти Хатлон бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби занҳо ба самти роҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ ва баланд бардоштани нақши фаъолияти соҳибкорӣ тавассути ба даст овардани замини саҳмӣ озмуни минтақавии «Зан соҳиби замин» баргузор мешавад. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» аз Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, озмуни мазкур бо ибтикори Ассотсиатсиява дастгирии Oxfam […]

Суман Шаҳзода


Дар вилояти Хатлон бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби занҳо ба самти роҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ ва баланд бардоштани нақши фаъолияти соҳибкорӣ тавассути ба даст овардани замини саҳмӣ озмуни минтақавии «Зан соҳиби замин» баргузор мешавад.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» аз Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, озмуни мазкур бо ибтикори Ассотсиатсиява дастгирии Oxfam дар Тоҷикистон доир мегардад.

«Меъёри асосии интихоби довталабон инҳоянд: Занҳои иштирокдор бояд аз 18-сола боло буда, дар қаламрави вилояти Хатлон зиндагӣ кунанд; сертификати амалкунандаи замин дошта бошанд, ё замони эълон шудани озмун барои гирифтани ин сертификат ба мақомоти дахлдори маҳалӣ муроҷиат карда бошанд; занҳое, ки дар қитъаи замини худ маҳсулоти кишоварзӣ ё дигар намуди маҳсулотро парвариш ё истеҳсол мекунанд; занҳое, ки барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намуди маҳсулот корхонаи хурди истеҳсолӣ таъсис додаанд; занҳое, ки саҳми худро дар рушди ҷойҳои кори иловагӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ ва масъулиятнокии тиҷорат дар қаламрави вилояти Хатлон гузоштаанд», – зикр кард манбаъ.

Номи ғолибон дар маросими ҷоизасупорӣ, ки 4 апрели соли 2014 дар мехмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe доир мегардад, эълон мешаванд. Ғолибони озмун бо диплом, мукофотҳои пулӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд қадр мегарданд. Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба озмун то 28 феврали соли 2014 мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.