Қарзи Чин барои сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон



Зимни нишасти хабарӣ сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик масъалаи пешниҳоди қарз аз ҷониби Бонки содиротиву воридотии Чин барои амалисозии қисмати лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат – Ёвон) ҳал мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, чанд рӯз қабл бо ҳайати ҳукумати Чин дар Душанбе оид ба масоили ҷудо кардани ин воситаҳо аз ҷониби Бонки содиротиву воридотии Чин дар ҳаҷми 51 млн. доллари ИМА гуфтушунид анҷом дода шуда, масъала рӯзҳои наздик ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз оғози корҳо дар ин қитъа аз соли 2009, 8 километр роҳи оҳан бунёд гардидааст. Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Ёвон-Қӯрғонтеппа як қисмате аз лоиҳаи байнулмилалии сохтмони роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин мебошад

Мутобиқи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳа, сохтмони роҳи оҳан аз Душанбе то Қӯрғонтеппа ба маблағи 130 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад. Дарозии роҳи оҳани қитъаи Ваҳдат-Ёвон бояд беш аз 40 километрро ташкил диҳад. Тибқи лоиҳа, дар иншооти мазкур сохтмони 18 пули хурду бузург ва як нақби дарозиаш 2 ҳазору 340 метр пешбинӣ шудааст.

Хотирнишон месозем, ки моҳи апрели соли 2011 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони қитъаи воқеъ дар Ваҳдату Ёвон будаи роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа шинос шуда буд. Дар он вақт Сарвари давлат ва ҳамсафаронаш дар қатора масофаи 4,2 километр роҳи оҳанро тай намуда, Президент аҳамияти стратегии ин роҳи оҳанро қайд карда, зикр намуд, ки он масофаи аз шаҳри Душанбе то маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппаро қариб чор маротиба кӯтоҳ месозад.

spot_imgspot_img

Популярное