Қарзи Чин барои сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон

Зимни нишасти хабарӣ сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик масъалаи пешниҳоди қарз аз ҷониби Бонки содиротиву воридотии Чин барои амалисозии қисмати лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат – Ёвон) ҳал мешавад. Ба гуфтаи ӯ, чанд рӯз қабл бо ҳайати ҳукумати Чин дар Душанбе оид ба масоили ҷудо кардани […]



Зимни нишасти хабарӣ сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик масъалаи пешниҳоди қарз аз ҷониби Бонки содиротиву воридотии Чин барои амалисозии қисмати лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат – Ёвон) ҳал мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, чанд рӯз қабл бо ҳайати ҳукумати Чин дар Душанбе оид ба масоили ҷудо кардани ин воситаҳо аз ҷониби Бонки содиротиву воридотии Чин дар ҳаҷми 51 млн. доллари ИМА гуфтушунид анҷом дода шуда, масъала рӯзҳои наздик ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз оғози корҳо дар ин қитъа аз соли 2009, 8 километр роҳи оҳан бунёд гардидааст. Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Ёвон-Қӯрғонтеппа як қисмате аз лоиҳаи байнулмилалии сохтмони роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин мебошад

Мутобиқи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳа, сохтмони роҳи оҳан аз Душанбе то Қӯрғонтеппа ба маблағи 130 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад. Дарозии роҳи оҳани қитъаи Ваҳдат-Ёвон бояд беш аз 40 километрро ташкил диҳад. Тибқи лоиҳа, дар иншооти мазкур сохтмони 18 пули хурду бузург ва як нақби дарозиаш 2 ҳазору 340 метр пешбинӣ шудааст.

Хотирнишон месозем, ки моҳи апрели соли 2011 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони қитъаи воқеъ дар Ваҳдату Ёвон будаи роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа шинос шуда буд. Дар он вақт Сарвари давлат ва ҳамсафаронаш дар қатора масофаи 4,2 километр роҳи оҳанро тай намуда, Президент аҳамияти стратегии ин роҳи оҳанро қайд карда, зикр намуд, ки он масофаи аз шаҳри Душанбе то маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппаро қариб чор маротиба кӯтоҳ месозад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.