Захираи тиллову асъори Тоҷикистон аз 1 млрд. $ зиёд шуд

Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2013 ҳаҷми захираҳои тиллову асъори Тоҷикистон 1 млр. 71,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил доданд, ки нисбат ба соли 2012 ба андозаи 10,2% бештар аст. Раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ҳаҷми тилло дар ҷумҳурӣ 13 тоннаро ташкил дода, соли гузашта захираи тилло […]



Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2013 ҳаҷми захираҳои тиллову асъори Тоҷикистон 1 млр. 71,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил доданд, ки нисбат ба соли 2012 ба андозаи 10,2% бештар аст.

Раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ҳаҷми тилло дар ҷумҳурӣ 13 тоннаро ташкил дода, соли гузашта захираи тилло 1,4 тонна афзуда шудааст.

Қобили зикр аст, ки захираҳои тилову асъори Тоҷикистон таҳти назорати мақомоти давлатии танзимгари сиёсати пуливу қарзӣ қарор дошта, дар ҳама гуна вақт метавонад барои маблағгузорӣ ба касри тавозуни пардохтӣ, маблағгузорӣ ба бозорҳои асъор, ки ба қурби асъори миллӣ таъсиргузоранд, истифода гардад.

Ёдрас мекунем, ки захираи тиллову асъори Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2012 972 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 170,4 млн. $ зиёдтар буд. Ҳаҷми захираи тиллову асъори Бонки миллӣ бо суръати хуб меафзояд ва ҳаҷми афзоиши солона ба 20-25% баробар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.