Ҳаҷми пули нақд дар гардиш беш аз 4,4 млрд. сомонӣ аст

Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2013 ҳаҷми пули нақди дар Тоҷикистон мавриди гардиш қарордошта 4 млрд. 485 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2012 ба миқдори 22,3% зиёдтар аст. Зимни нишасти хабарӣ раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов дар ин робита зикр кард, ки агар нишондиҳандаи соли 2012 бо нишондиҳандаи соли 2002, замони […]



Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2013 ҳаҷми пули нақди дар Тоҷикистон мавриди гардиш қарордошта 4 млрд. 485 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли 2012 ба миқдори 22,3% зиёдтар аст.

Зимни нишасти хабарӣ раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Ширинов дар ин робита зикр кард, ки агар нишондиҳандаи соли 2012 бо нишондиҳандаи соли 2002, замони мавриди истифода қарор гирифтани асъори миллӣ муқоиса шавад, пас ҳаҷми пули нақд дар гардиш 41 маротиба афзудааст.

«Дар ин самт пешравии мо хеле босуръат буда, лекин иқтисод ҳам босуръат рушд мекунад. Маслан, агар ММД ба ҳар сари як аҳолиро гирем, соли 2013 он ба нишондиҳандаи таърихӣ – 1 ҳазору 41 доллари ИМА расид ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2012 он каме бештар аз 900 $-ро ташкил медод», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи раиси БМТ, агар иқтисод ҳамеша дар ҳоли рушд қарор дошта бошад, ин нишондиҳандаҳо ҳам минбаъд афзоиш хоҳанд ёфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.