Баррасии масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Белорус дар Душанбе

Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) бо сафири Белорус дар ҶТ Олга Гаврук маҷмӯи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо ва густариши онҳо дар чаҳорчӯби шӯрои кории «Тоҷикистон – Белорус» баррасӣ шуданд. Шариф Саид ҷараёни мусбати густариши ҳамкориҳо ва роҳандозии самтҳои нав дар онро таъкид дошта, ба ҷониби Белорус пешниҳод намуд, ки дар […]



Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) бо сафири Белорус дар ҶТ Олга Гаврук маҷмӯи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо ва густариши онҳо дар чаҳорчӯби шӯрои кории «Тоҷикистон – Белорус» баррасӣ шуданд.

Шариф Саид ҷараёни мусбати густариши ҳамкориҳо ва роҳандозии самтҳои нав дар онро таъкид дошта, ба ҷониби Белорус пешниҳод намуд, ки дар Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти Белорус ва ҳамоиши соҳибкорону доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар баргузор карда шавад.

Сафири Белорус аз ин пешниҳод комилан дастгирӣ намуда, изҳор кард, ки фаъол сохтани ҳамкориҳо тавассути баргузор кардани намоишгоҳ ва дигар чорабиниҳои муштарак, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ хеле муҳим аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.