Омодагии БАТР ба маблағгузорӣ дар азнавсозии нерӯгоҳи Қайроқкум

Чанде қабл раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Масару Хонма мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, Қодири Қосим аз ҳамкориҳои дуҷониба ёдовар шуда, иброз намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар самти беҳбуд бахшидани […]



Чанде қабл раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Масару Хонма мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, Қодири Қосим аз ҳамкориҳои дуҷониба ёдовар шуда, иброз намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар самти беҳбуд бахшидани фазои сармоягузорӣ тамоми тадбирҳоро меандешад.

«Исботи ин гуфтаҳо сол аз сол зиёд гардидани сармояи мустақим ба иқтисодиёти Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорӣ, ҳавасмандии ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ дар тендерҳои сармоягузорӣ мебошад, ки дар натиҷа ҷойҳои нави корӣ таъсис ва сатҳи камбизоатии мардум пайваста коҳиш меёбад», – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, инчунин дар мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ дар доираи лоиҳаҳо, аз ҷумла таҷдиди системаи қубурӣ ва корезӣ дар шаҳри Хоруғ, сохтани корхонаҳои истеҳсоли обҳои маъдании шифобахш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва реструктуризатсияи “Барқи тоҷик”, “Тоҷик Эйр” баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, Масару Хонма ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омода аст, дар самтҳои мухталифи иқтисодиёт аз ҷумла оид ба навсозии нерӯгоҳи обии Қайроқум ва татбиқи дигар лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон чандин лоиҳаҳо бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ мешаванд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.