Ҳабси роҳбари гурӯҳи ҷиноятпешаи «Абрешимчӣ» дар Суғд



Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи ба истилоҳ «Абрешимчӣ» сокини 29-солаи шаҳри Хуҷанд Фирӯз Қурбонов ва ҳаммаслаки ӯ Фатҳулло Раҷабовро ба ҳабс гирифтанд.

Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, аъзои боқмиондаи гурӯҳ Абдумаҷид Халилов, Еабиҷон Собирова Зоҳирҷон Бобоев мохи ноябри соли гузашта аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд мутобиқи моддаи 250-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ (Истифодаи зӯроварӣ бо мақсади фоида ба даст овардан бо маслиҳати пешакӣ) гунаҳкор дониста шуда, Бобоев ба 11 сол ва Халилову Собиров ҳар кадоме ба 10 соли зиндон маҳкум карда шуданд.

«Роҳбари гурӯҳ Фирӯз Қурбонов ва аъзои дигари он Фатҳулло Раҷабов аз тафтишот дар  шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб пинҳон шуданд. Моҳи декабр пинҳонӣ ба ҳудуди вилояти Суғд баргашта, боз ба содир намудани ҷиноёти марбут ба тамаъҷӯӣ тариқи зӯроварӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон даст мезаданд. Рӯзи 19-уми декабри соли 2013 дар ҷараёни амалиёти кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд Фирӯз Қурбонов ва Фатҳулло Раҷабов дастгир шуданд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи мазкур дар байни сокинони маҳаллаи «Абрешимчӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он худро ҳамчун узви лашкарони ислом муаррифӣ менамуданд. Онҳо бо мақсади тарсонидани аҳолӣ дар қафаси синаашон аксҳои моҳу ситора ва шерро нақшбандӣ карда, ба ҷиноятҳои тамаъҷӯию авбошӣ ва суиқасд ба куштор машғул буданд

Зимнан зикр гардид, ки айни замон аз ҷониби шуъбаи тафтишотии Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд нисбат ба Фирӯз Қурбонов ва Фатҳулло Раҷабов бо  дастрасии моддаи 250 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. 

Ҳамчунин КДАМ аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш менамояд, агар оид ба кирдорҳои ҷиноии Фирӯз  Қурбонов, Фатҳулло Раҷабов ва дигар аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ягон маълумот дошта бошанд ё аз дасти онҳо зарар дида бошанд, ба Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муроҷиат намоянд. 

spot_imgspot_img

Популярное