Сафари ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ба Бишкек

Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ҷиҳати иштирок дар кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизисон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ имрӯз ба Бишкек раҳсипор шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати кишвар хабар доданд, ба ҳайат аъзои ҳукумат, аз ҷумла роҳбарони Вазорати корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Вазорати корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, […]



Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон ҷиҳати иштирок дар кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизисон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ имрӯз ба Бишкек раҳсипор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати кишвар хабар доданд, ба ҳайат аъзои ҳукумат, аз ҷумла роҳбарони Вазорати корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Вазорати корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезия Маҳмадтоҳир Зокиров, котиби Шӯрои амният Абдураҳим Қаҳҳоров ва ёвари президент оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев шомиланд.

«Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили рӯзмарраи муносибатҳои дуҷониба ва роҳу воситаҳои аз байн бурдани вазъи муташшаниҷ дар марзро, ки бар асари муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ ба миён омад, баррасӣ мекунанд», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дар шаҳри Исфара гуфтушуниди намояндагони сохторҳои қудратии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ба эътидол овардани вазъ дар қитъаҳои баҳсноки марзи давлатӣ ба итмом расид. Дар гуфтушунид Тоҷикистонро ёвари президент оид ба масоили амният Шералӣ Хайруллоев ва Қирғизистонро намояндаи ваколатдори президенти ин кишвар Анорбек Мамирқулов намояндагӣ кардаанд.

Чун гуфтушунид пушти дарҳои пӯшида сурат гирифт, дар бораи натоиҷи он маълумот дастрас нест. Тибқи баъзе маълумот, дар ин гуфтушунид ҷонибҳо оид ба аз хатти марз дур бурдани нерӯҳои иловагӣ тавофуқ ҳосил намуда, базудӣ ба ин амал оғоз бахшида шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.