Ҳабси роҳбари гурӯҳи ҷиноятпешаи «Абрешимчӣ» дар Суғд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи ба истилоҳ «Абрешимчӣ» сокини 29-солаи шаҳри Хуҷанд Фирӯз Қурбонов ва ҳаммаслаки ӯ Фатҳулло Раҷабовро ба ҳабс гирифтанд. Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, аъзои боқмиондаи гурӯҳ Абдумаҷид Халилов, Еабиҷон Собирова Зоҳирҷон Бобоев мохи ноябри соли гузашта аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд […]



Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаи ба истилоҳ «Абрешимчӣ» сокини 29-солаи шаҳри Хуҷанд Фирӯз Қурбонов ва ҳаммаслаки ӯ Фатҳулло Раҷабовро ба ҳабс гирифтанд.

Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, аъзои боқмиондаи гурӯҳ Абдумаҷид Халилов, Еабиҷон Собирова Зоҳирҷон Бобоев мохи ноябри соли гузашта аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд мутобиқи моддаи 250-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ (Истифодаи зӯроварӣ бо мақсади фоида ба даст овардан бо маслиҳати пешакӣ) гунаҳкор дониста шуда, Бобоев ба 11 сол ва Халилову Собиров ҳар кадоме ба 10 соли зиндон маҳкум карда шуданд.

«Роҳбари гурӯҳ Фирӯз Қурбонов ва аъзои дигари он Фатҳулло Раҷабов аз тафтишот дар  шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб пинҳон шуданд. Моҳи декабр пинҳонӣ ба ҳудуди вилояти Суғд баргашта, боз ба содир намудани ҷиноёти марбут ба тамаъҷӯӣ тариқи зӯроварӣ бо истифода аз силоҳи оташфишон даст мезаданд. Рӯзи 19-уми декабри соли 2013 дар ҷараёни амалиёти кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд Фирӯз Қурбонов ва Фатҳулло Раҷабов дастгир шуданд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи мазкур дар байни сокинони маҳаллаи «Абрешимчӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва гирду атрофи он худро ҳамчун узви лашкарони ислом муаррифӣ менамуданд. Онҳо бо мақсади тарсонидани аҳолӣ дар қафаси синаашон аксҳои моҳу ситора ва шерро нақшбандӣ карда, ба ҷиноятҳои тамаъҷӯию авбошӣ ва суиқасд ба куштор машғул буданд

Зимнан зикр гардид, ки айни замон аз ҷониби шуъбаи тафтишотии Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд нисбат ба Фирӯз Қурбонов ва Фатҳулло Раҷабов бо  дастрасии моддаи 250 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. 

Ҳамчунин КДАМ аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш менамояд, агар оид ба кирдорҳои ҷиноии Фирӯз  Қурбонов, Фатҳулло Раҷабов ва дигар аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ягон маълумот дошта бошанд ё аз дасти онҳо зарар дида бошанд, ба Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муроҷиат намоянд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.