Кормандони ҳукумати ноҳияҳои Носири Хусрав дар мактабҳо дарс мегӯянд

Раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон Валӣ Ашӯров кормандони мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро дастур додааст, ки аз рӯи ихтисосашон дар мактабҳои ноҳия дарс бигӯянд. «Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоатҳо аксари кормандон маълумоти омӯзгорӣ доранд. Аз ин хотир, бинобар сабаби нарасидани омӯзгорон, ба онҳо супориш додам, ки дар мактабҳои ноҳия дарс бигӯянд»,- […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон Валӣ Ашӯров кормандони мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро дастур додааст, ки аз рӯи ихтисосашон дар мактабҳои ноҳия дарс бигӯянд.

«Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоатҳо аксари кормандон маълумоти омӯзгорӣ доранд. Аз ин хотир, бинобар сабаби нарасидани омӯзгорон, ба онҳо супориш додам, ки дар мактабҳои ноҳия дарс бигӯянд»,- гуфт раиси ноҳия.

Ба қавли раиси ноҳия, ҳар як корманде, ки ихтисоси омӯзгорӣ дорад, ба ӯ дар бораи чанд соат дарс доданаш гувоҳномаи мактабро пешниҳод мекунад.

«Масалан, муовини бахши идеологии ман ихтисоси химия дорад ва аз фанни химия дар мактаби рақами 1 ноҳия ҳафтае 8 соат дарс мегӯяд», – иброз дошт В.Ашӯров.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ин иқдом то давраи пурра бо омӯзгорон таъмин шудани макотиби таҳсилоти умумии ноҳияи идома хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки айни замон макотиби таҳислоти умумии ноҳияи Носири Хусрав ба 32 нафар омӯзгори фанҳои гуногун ниёз дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.