Ҷараёни корҳои сохтмон дар терминали нави фурудгоҳи пойтахт

Корҳои сохтмон дар қисмати намо (фасад)-и терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе пурра ба итмом расиданд. Сармуҳандиси сохтмони терминали нав Одил Бобоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон дар дохили фасад корҳои пардозу ороиш идома дошта, бо дархости ҳукумати ҷумҳурӣ ин корҳо бо назардошти хусусиятҳои меъмории миллӣ анҷом дода мешаванд. «Масолеҳи […]



Корҳои сохтмон дар қисмати намо (фасад)-и терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе пурра ба итмом расиданд.

Сармуҳандиси сохтмони терминали нав Одил Бобоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон дар дохили фасад корҳои пардозу ороиш идома дошта, бо дархости ҳукумати ҷумҳурӣ ин корҳо бо назардошти хусусиятҳои меъмории миллӣ анҷом дода мешаванд.

«Масолеҳи сохтмон барои бунёди фасади терминал аз Туркияву Фаронса дастрас шуданд. Соли гузашта корҳои бунёди сохтори оҳану бетонии иншоот ба анҷом расида, бинокорон ба насби хатҳои коммуникатсионӣ оғоз карданд. Ахири баҳори соли равон воридоти таҷҳизот ва корҳои насби он дар назар буда, тибқи нақша корҳои сохтмон моҳи сентябри соли ҷорӣ пурра ба итмом мерасанд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Бобоев, корҳои сохтмон аз ҷониби мутахасисони фаронсавӣ дар ҳамдастӣ бо бинокорони тоҷик мутобиқи реҷа ҷараён дошта, дар баробари ин мутахассисони фаронсавӣ ҳамчунин ба омӯзиши кормндони фурудгоҳ машғуланд, ки минбаъд дар ин терминал фаъолият хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи декабри соли 2012 ширкати фаронсавии Vinci сохтмони терминали нави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД)-ро дубора оғоз намуд.

Моҳи апрели соли 2009 миёни Тоҷикистону Фаронса оид ба сохтмони терминали нав дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расида буд. Авввали соли 2010 корҳои сохтмони терминал аз ҷониби собиқ паймонкорони лоиҳа – ширкатҳои фаронсавии Alpha airport ва Sofema Group боздошта шуд.

Он замон муовини директори генералии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Азиз Иброҳимов дар ҷамъи рӯзноманигорон дар ин робита изҳор дошта буд, ки «сабаби мутаваққиф сохтани сохтмони терминали нав номутобиқатии меъёрҳои сохтмонии ҷонибҳо мебошад». Тибқи баъзе маълумот, он замон ширкатҳои фаронсавӣ ҷиҳати барқарор кардани корҳои сохтмонӣ маблағгузории иловагӣ талаб карда будаанд.

Моҳи октябри соли 2012 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Протоколи молиявӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Фаронса оид ба лоиҳаи сохтмони терминали нави ФБД аз 1-уми майи соли 2009 ва Созишномаи иловагӣ ба протоколи мазкур аз 29-уми июни соли 2012-ро тасдиқ кард.

Тибқи созишномаи иловагӣ, ҳиссаи Тоҷикистон дар сохтмони терминали нав аз 7 млн. то 19 млн. евро афзуд. Ҳиссаи Фаронса дар лоиҳаи мазкур бошад, дар ҳаҷми пешина – 20 млн. евро боқӣ мемонад. Аз ҷониби Фаронса ширкати Vinci паймонкори кулли сохтмони иншоот таъин шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.