Кормандони ҳукумати ноҳияҳои Носири Хусрав дар мактабҳо дарс мегӯянд



Раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон Валӣ Ашӯров кормандони мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро дастур додааст, ки аз рӯи ихтисосашон дар мактабҳои ноҳия дарс бигӯянд.

«Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷамоатҳо аксари кормандон маълумоти омӯзгорӣ доранд. Аз ин хотир, бинобар сабаби нарасидани омӯзгорон, ба онҳо супориш додам, ки дар мактабҳои ноҳия дарс бигӯянд»,- гуфт раиси ноҳия.

Ба қавли раиси ноҳия, ҳар як корманде, ки ихтисоси омӯзгорӣ дорад, ба ӯ дар бораи чанд соат дарс доданаш гувоҳномаи мактабро пешниҳод мекунад.

«Масалан, муовини бахши идеологии ман ихтисоси химия дорад ва аз фанни химия дар мактаби рақами 1 ноҳия ҳафтае 8 соат дарс мегӯяд», – иброз дошт В.Ашӯров.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ин иқдом то давраи пурра бо омӯзгорон таъмин шудани макотиби таҳсилоти умумии ноҳияи идома хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки айни замон макотиби таҳислоти умумии ноҳияи Носири Хусрав ба 32 нафар омӯзгори фанҳои гуногун ниёз дорад.

spot_imgspot_img

Популярное