Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Украинаву Белорус

Рӯзи 4-уми феврали соли равон вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобоев   бо сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи котиботи вазорат, дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав оид ба  саноати хӯрокворӣ, саноати маъдани куҳӣ, коркарди ашёи хоми чорво-пӯст, коркарди истеҳсоли пилла […]



Рӯзи 4-уми феврали соли равон вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобоев   бо сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи котиботи вазорат, дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав оид ба  саноати хӯрокворӣ, саноати маъдани куҳӣ, коркарди ашёи хоми чорво-пӯст, коркарди истеҳсоли пилла мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо  инчунин ба паҳлӯҳои дигари ҳамкориҳо таваҷҷуҳ  зоҳир намуда,  аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд ва  иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба  дар бахшҳои гуногун мавриди омӯзиши тарафҳо қарор хоҳад гирифт.

Ҳамчунин ҳамин рӯз мулоқоти Шавкат Бобоев бо сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук доир гардида, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо лоиҳаи роҳандозии истеҳсоли тракторҳои Белорус дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд, ки таъсиси чунин корхона дар вилояти Хатлон дар назар аст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин имкони густариши ҳамкориҳо дар бахши истеҳсоли таҷҳизоти электротехникӣ ва масъалаи ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби Белорус ба иқтисоди Тоҷикистонро низ баррасӣ намуда, зикр карданд, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба ба манфиати ҳарду кишвар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.