Падари Ҳамза Икромзода ба худкушӣ таҳдид мекунад

Файзалӣ Икромов, падари маҳбуси тирамоҳи соли 2012 дар зиндон ҳалокшуда Ҳамза Икромзодаи 27-сола аз раҳбарияти муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 тақозо дорад, ки маҳбус Давлатёр Қурбонов, яке аз шоҳидон дар парвандаи Ҳамза Икромзодаро аз ҳуҷраи ҷаримавӣ озод кунанд. Дар акси ҳол ӯ таҳдид кардааст, ки даст ба худкушӣ мезанад. Духтари ӯ Дилхоҳ Икромзода ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар ин […]

ASIA-Plus


Файзалӣ Икромов, падари маҳбуси тирамоҳи соли 2012 дар зиндон ҳалокшуда Ҳамза Икромзодаи 27-сола аз раҳбарияти муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 тақозо дорад, ки маҳбус Давлатёр Қурбонов, яке аз шоҳидон дар парвандаи Ҳамза Икромзодаро аз ҳуҷраи ҷаримавӣ озод кунанд. Дар акси ҳол ӯ таҳдид кардааст, ки даст ба худкушӣ мезанад.

Духтари ӯ Дилхоҳ Икромзода ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор дошт, ки айни замон вазъи саломатии падараш хуб нест ва ӯ барои он таҳдиди худкушӣ дорад, ки бо шоҳиди парвандаи Ҳамза Икромзода ягон нохушӣ рух доданро ҳис мекунад ва дар ин сурат умеди барқарории адолат аз даст меравад.

«Мо огоҳем, ки ба шоҳиди мо Давлатёр Қурбонов ҳамаҷониба фишор оварда, аз ӯ талаб доранд, ки аз баёноти шоҳидиаш даст кашад ва чун ӯ ба онҳо итоат намекунад, дар сардии тоқатфарсо ӯро дар ҷаримагоҳи зиндон нигоҳ медоранд. Дар ин сардӣ он ҷо зинда мондан номумкин аст. Ба мо аз худи маҳбусон хабар расид, ки дар ҷаримагоҳ аллакай 

ду нафар аз сардӣ ҳалок шуда,

 боз як маҳбус дар шуъбаи эҳёгарии бемористони зиндон қарор дорад. Мегӯянд, ки яке аз ҳалокшудагон шояд шоҳиди мо бошад», – гуфт Дилхоҳ Икромзода.

Ба қавли ӯ, дар бораи ин ҳодиса ӯ то ҳанӯз ба падараш хабар надодааст, зеро аз вазъи саломатии ӯ хавф дорад. «Бе ин ҳам ҳолати ӯ бад аст ва агар дар бораи марги имконпазири шоҳиди мо огаҳӣ ёбад, аз ноумедӣ метавонад ба ҳар кор даст занад. Имрӯз мо ба мақомоти дахлдор дар бораи тасмими даст ба худкушӣ задани падарам хабар медиҳем. Бигзор донанд, ки оилаи мо ба ҳеҷ ваҷҳ намегузорад, қазияи Ҳамза Икромзода бо роҳи фишору аз байн бурдани шоҳидони марги бародари ман бар асари латукӯбу шиканҷа ба гӯшаи фаромӯшӣ ҳавола гардад», – изҳор дошт Дилхоҳ Икромзода.

Ёдрас мекунем, ки волидайни маҳбусони муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, 1-уми феврал бо талаби аз ҷаримагоҳи зиндон озод кардани шоҳид Давлатёр Қурбонов дар назди бинои муассиса 

гуруснанишинӣ

 эълон карданӣ буданд, вале ба ин кор 

муваффақ нашуданд

.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.