Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барасии парвандаи Оятулло Саидовро ба 17-уми феврал монд. Судшаванда писархонди собиқ муовини аввали вазири корҳои дохилаи кишвар Нурулло Орипов аст.
Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Мавлудхон Салиҳов, раиси Маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар дод, Оятулло Саидов бо моддаҳои 247 қисми 2 банди “а” (қаллобии такроран), 247 қисми “б” (қаллобие, ки аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ), 339 қисми 2 (тасарруф ё вайрон кардани хуҷҷат, штамп, мӯҳр)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳгор дониста мешавад.
Мавлудхон Салиҳов афзуд, Оятулло Саидови 35-сола (1979) сокини шаҳри Ваҳдат, ҷамоати Гулистони деҳаи Ҷангалобод пеш 6 маротиба бо моддаи 247 кодекси ҷиноӣ Тоҷикистон суд шудааст.
Қайд мешавад, ки ӯ бештар бо суистифода аз номи падархонди худ ба боварии шаҳрвандон даромада, маблағҳои онҳоро гирифта, ғайб мезадааст. Ҳамин тавр, дар моҳи май соли 2013 Оятулло Саидов ба шаҳрванд Ибодулло Холов ваъда медиҳад, ки падараш Раҷаб Холов ва модараш Гулнисо Холоваро ба Ҳаҷ мефиристад. Барои ин хизмати худ Саидов аз Ибодулло Холов 8 ҳазору 200 доллари амрикоӣ мегирад. Бо истифода аз ҳамин усул боз аз 15 нафар истиқоматкунандагони кӯҷаи Овули шаҳри Душанбе маблағҳои зиёдеро гирифта, ғайб мезанад.



